Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи интиқоди Амрико аз "нокомии" Шӯрои Амният


Давлати Амрико дигарбора Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои нокомӣ дар тасвиби қатънома алайҳи Сурия интиқод кард, ки аз ин кишвар мехост, ба саркӯби тазоҳургарони зиддидавлатӣ хотима диҳад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Шӯрои Амният, “масъулияти худро ботил” кард ва афзуд, Русияву Чин, ки қатъномаи пешниҳодии Амрикову Аврупоро вето гузоштанд, бояд ин амали худро дар назди мардуми Сурия шарҳ диҳанд. Ба гуфтаи хонум Клинтон, мардуми Сурия нокомии Шӯрои Амният дар қабули қатъномаи таҳримотиро фаромӯш нахоҳанд кард, ки аз режими Башшор Асад мехост ба саркӯби тазоҳургарон хотима диҳад, дар акси ҳол танбеҳ хоҳад гирифт. Чину Русия рӯзи сешанбе алайҳи чунин қатънома дар Шӯрои Амният раъй доданд. Созмони Милал мегӯяд, дар ҷараёни саркӯби тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ, ки моҳи март дар Сурия шурӯъ шуд, то кунун бештар аз 2700 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG