Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёсатмадорони Мисрӣ интихоботи зудтар мехоҳанд


Дар Миср, шаш нафар аз довталабони эҳтимолӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ хостаанд, нахустин интихоботи озод моҳи апрел баргузор шавад, на охири соли 2012, ки низомиёни ҳоким бар Миср мехоҳанд. Дар баёнияи ин гурӯҳ, ки Амр Мӯсо, раҳбари Иттиҳодияи Араб низ шомили он аст, гуфта мешавад, интихобот рӯзи якуми апрел баргузор шавад, то раиси ҷумҳур тавонад, рӯзи 20 расман ба масъулиятҳояш шурӯъ кунад. Шӯрои олии низомии Миср, ки баъди суқути Ҳуснӣ Муборак: раиси ҷумҳури собиқи Миср дар моҳи феврал, зимоми умурро ба даст гирифт, ҳанӯз санаи интихоботро таъйин накардааст, аммо бар асоси ҷадвали замонии пешниҳодии онҳо, баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар охири соли 2012 ё дертар аз он имконпазир аст, зеро пеш аз он бояд Қонуни Асоси ислоҳ ва интихоботи порлумонӣ баргузор шавад. Интихоботи порлумонии Миср моҳи ноябри ҳамин сол дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG