Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Путин ба Молдова писанд наомадааст


Влад Филат, нахуствазири Молдова, мегӯяд, кишвараш алоқаманди пешниҳоди Владимир Путин барои таъсиси Иттиҳодияи Авруосиё нест ва ояндаи худро дар Иттиҳодияи Аврупо мебинад. Влад Филат ба бахши молдовании Радиои Озодӣ гуфт, мардуми кишвараш бо назардошти таъриху фарҳанг ва ҷуғрофиё бештар моил ба ҳамоиш ба Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд. Ӯ Иттиҳодияи Авруосиёро "як тарҳ ва Иттиҳодияи Аврупоро як воқеият" номид. Владимир Путин рӯзи сешанбе бо нашри мақолае пешниҳод кард, ки дар паҳнои шӯравии собиқ Иттиҳодияи Авруосиё сохта шавад, ки метавонад, ба як бозигари муҳим дар саҳнаи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG