Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷазои "ҷаллодони" Сталин дар Украина тағйир медиҳанд


Нӯҳ ҷавони миллатгаро дар Украина, ки сари муҷассамаи Сталинро канда буданд, зоҳиран ҷазоҳои сабуктаре хоҳанд дод. Вакили дифоъи онҳо Владимир Прудовский ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод аввал ба “авбошӣ дар макони умумӣ ва таҳдид ба суботи ҷомеа” муттаҳам мешуданд, ки барои ин гуноҳ 10 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст, вале ҳоло иттиҳоми онҳо танҳо “авбошист”, ки подоши ин амал, ҷарима ва ё се соли зиндон аст. Ин нӯҳ нафар аъзои гурӯҳи миллатгарои “Найзаи сешоха” дар Украина, баъди насби муҷассамаи Сталин дар шаҳри Запорижная аз сӯи коммунистҳо дар соли 2010, сари ин пайкараро канданд, зеро ба гуфтаи онҳо Сталин “қотили мардуми Украина ва терористи байналмилалӣ” будааст. Онҳоро моҳи январи имсол боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG