Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании саросарӣ дар Юнон ва бархӯрд бо пулис


Пулиси зиддишӯриши Юнон барои пароканда кардани тазоҳуркунандагони хашмгин, ки ба сӯи онҳо санг меандохтанд, аз гази ашковар истифода кард. Дар Юнон ҳазорон нафар алайҳи барномаи коҳиши хароҷоти буҷа тазоҳурот мекунанд, ки ҳукумати Юнон ба хотири варшикаста нашудан қабул кардааст. Ба гуфтаи пулис, рӯзи чаҳоршанбе аз 18 то 20 ҳазор нафар дар шаҳри Афина, пойтахт раҳпаймоӣ карданд. Идораҳои давлатӣ, хадамоти умумӣ кор намекунад, ҳаракати нақлиёт баҳам зада шудааст ва парвози ҳавопаймоҳо аз Юнон мутаввақиф шудааст. Рӯзи сешанбе, вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо ихтисоси бахши дигар аз кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пулро ба таъхир андохтанд, ки ин нигарониҳо аз эҳтимоли варшикаста шудани Юнони дармонда дар қарзи зиёдро бештар кард.
XS
SM
MD
LG