Пайвандҳои дастрасӣ

Стив Ҷобс мудири собиқи "Apple" даргузашт


Саҳми Стив Ҷобс дар табдил додани "Apple" ба як ширкати азими ҷаҳонӣ бисёр бузург аст.

Саҳми Стив Ҷобс дар табдил додани "Apple" ба як ширкати азими ҷаҳонӣ бисёр бузург аст.

Стив Ҷобс, мудири омили пешин ва рӯъёии ширкати азими “Apple” ва ба истилоҳ падари “Айфон” дар синни 56-солагӣ даргузашт. Хонаводааш гуфт, ки Стив Ҷобс рӯзи чаҳоршанбе дар иҳотаи аъзои наздиконаш оромона ҷон дод. Стив Ҷобс ба як навъи камназири саратони меъда гирифтор буд ва ҷигарашро ҳам иваз карда буданд. Ӯ, ки моҳи август аз мақомаш истеъфо дод, яке аз бунёнгузорони ширкати тавлиди абзорҳои электрони “Apple” буд, ки соли 1976 таъсис шудааст. Маҳз дар аҳди раҳбарии Стив Ҷобс “Apple” бо офаридани абзорҳои серхаридори “Айфон” ва “Айпод” ба яке аз ширкатҳои азими дунё табдил шуд. Билл Гейтс, бунёнгузори “Майкрософт” гуфт, дар ҷаҳон мисли инсонҳои офаранда ба мисли Стив Ҷобс кам аст. Ҷулия Гилард, нахуствазири Австралия, Стив Ҷобсро нобиғае номид, ки ба гуфтаи ӯ "ҷаҳонро ба маънои томаш тағйир дод."
XS
SM
MD
LG