Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Амрикову Аврупо аз ветои Русияву Чин


Сюзан Райс
Сюзан Райс
Амрикову муттаҳидини аврупоияш ветои Русияву Чин бар қатъномаеро, ки муҷозоти Сурия ба маҳзи саркӯбии хунини эътирозҳоро дар назар дошт, ба боди интиқод кашиданд. Фаронсаву Олмон, ки тарҳи қатъномаро ҳамроҳ бо Бритониёву Португалия омода карда буданд, раъгирии дирӯза дар Шӯрои Амниятро “як рӯзи бад” барои мардуми Сурия, СММ ва қонуни байналмилалӣ хонданд. Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, ветои Русияву Чин бар мояи “хашм”-и Вошингтон шуда, амалан Шӯрои Амният натавонист ба “як чолиши оҷили ахлоқӣ” ва як таҳдиди афзоянда ба сулҳу суботи минтақа расидагӣ кунад. Русия қатъномаи зидди Сурияро “ғайриқобилиқабул” ва Чин фишори “кӯркӯрона” алайҳи Димишқ хондаанд. Вазорати хориҷаи Русия имрӯз эълон кард, ки мухолифини дохилӣ ва мустақар дар хориҷи Сурия дар поёни моҳ меҳмони Маскав мешаванд.
XS
SM
MD
LG