Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт


Анвар Юнусов (Акс аз бойгонӣ)
Анвар Юнусов (Акс аз бойгонӣ)
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар пайи пирӯзӣ бар Сергей Водопянов ба даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон роҳ ёфт. Водопянов қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2007 имсол низ як довталаби умда ба унвони қаҳрамонӣ дар вазни 56 кило маҳсуб мешуд, вале муштзани тоҷик пеши роҳи ӯ ба қуллаи пирӯзиро гирифт. Анвар Юнусов рӯзи 7 октябр барои дарёфти роҳхат ба бозии ниҳоӣ бо Луис Алварес аз Куба рақобат хоҳад кард. Баъди шикасти Мададӣ Нағзибеков ва Ҷаҳон Қурбонов дар даври ҳаштякниҳоӣ Анвар охирин муштзани тоҷик аст, ки бо вуҷуди ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи соли оянда дар Лондон муборизаро барои унвони қаҳрамонӣ дар Боку ҳамоно идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG