Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти фаъолияти Ҳизби коммунисти Қазоқистон


Азиз Алдамжаров, раҳбари коммунистҳои Қазоқистон

Азиз Алдамжаров, раҳбари коммунистҳои Қазоқистон

Додгоҳи Алма-Ато фаъолияти Ҳизби коммунисти Қазоқистонро барои 6 моҳ мутаваққиф кард. Далели тавқиф ташкили Ҷабҳаи мардумиест, ки коммунистҳо ҳамроҳ бо ҳизби Олға ба хотири ҳимоят аз корпартоии давомдори коргарони як ширкати нафтӣ дар вилояти ғарбии Мангиштау ташкил додаанд. Додгоҳ гуфт, ҳизби коммунист бо ташкили ин ҷунбиш қонуни созмонҳои ҷамъиятиро поймол кардааст.
Раҳбари коммунистҳо Азиз Алдамжаров гуфт, худи ӯ низ бо ҷурми узвияти ғайриқонунӣ дар ҷунбиши сабтиномнашуда 15 100 танга, муодили 100 доллари амрикоӣ, ҷарима шудааст. Ӯ ҳукми додгоҳро сиёсӣ хонд ва гуфт, бозбиниашро тақозо хоҳад кард.
Ҳизби коммунист бо 54 500 имзо аз бузургтарин аҳзоби расмии Қазоқистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG