Пайвандҳои дастрасӣ

Оё Путин хоҳад тавонист СССР-и нав бисозад?


Наққоше Путинро дар симои Леонид Брежнев кашидааст.

Наққоше Путинро дар симои Леонид Брежнев кашидааст.

Тарҳи сарвазири Русия Владимир Путин дар маҳфилҳои гуногун баҳси тарафдорон ва мухолифонро ба бор овардааст.

Сиёсатшиносон ва матбуоти Русия барномаи Владимир Путин, ки тарҳи таъсиси як Иттиҳоди фаромилии нирӯманд бо номи Авруосиё ва ба як қутби ҷаҳони муосир табдил додани онро дар миён гузоштааст, хати машши хӯҷаини ояндаи Кремлин арзёбӣ мекунанд.

Аммо ҳамзамон мегӯянд, кӯшиши Путин ҳамчун “ҷамъоварандаи заминҳои Шӯравӣ” метавонад ба сӯитафоҳуми раҳбарои Ҷомеаи муштаракулманофеъ рӯ ба рӯ шавад ва мувозанати нирӯҳо дар дохили Русияро баҳам занад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин ба нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, ки таъсиси ин Иттиҳод аз аҳдофи асосии фаъолияти Путин дар 6 соли оянда хоҳад буд. Сухангӯи нахуствазири Русия дар шарҳи ин барнома гуфтааст: “Ин иттиҳод бо назардошти истиқлолияти сиёсии давлатҳои узв таъсис меёбад. Аммо мудирияти иқтисод бояд якпорча бошад. Сухангӯи Путин Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун модели қобили пайравӣ унвон кард ва гуфт, ки Маскав мехоҳад, Иттиҳоди Авруосиё пули муштарак ва Бонки Марказӣ дошта бошад."

Вале ба навиштаи “Коммерсант”, Русия дар гузашта бо таъсиси созмонҳое чун Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, ЕвразЭС ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) барои ҳамоиши давлатҳои собиқ Шӯрави бисёр талош карда буд. Аммо талошҳо гоҳо ба иллати суръати мухталифи ҳамоиш ва монеаҳои сиёсӣ муваффақ набуданд. Барои намуна "ду даҳсола аст, ки Беларус таъсиси сохторҳои ягонаи идораи давлат бо Русияро матраҳ мекунад. Дар ин муддат ин ду давлат чаҳор “ҷанги иқтисодӣ” – ду ҷанг дар заминаи додугирифти газ, як ҷанги нафт ва як ҷанги маҳсулоти шириро аз сар гузарониданд. Барои комёб шудани Иттиҳоди Авруосиё зарур аст, ки кишвари Украин ба он шомил шавад. Аммо Киев намехоҳад, ҳатто ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил шавад, чӣ расад ба ҳамоиш дар Иттиҳоди комил!"

“Коммерсант” менависад, нуктаи дигар ин нақши пешбаранди Русия дар иттиҳоди нав хоҳад буд, ки ба эҳтимоли зиёд аъзои ояндаи онро нороҳат мекунад. "Агар дар Иттиҳоди Аврупо ҳеҷ кишваре нақши сарвар ё пешворо надорад, вале дар мавриди Иттиҳоди Авруосиё бозори бузурги Русия ва даромади холиси он хоҳу нохоҳ бартарии Маскавро бар ҳар кишвари узв таъкид мекунад."

Аз сӯи дигар, меафзояд "Коммерсант", тавонмандиҳои ҳарбии Иттиҳоди Авруосиё ҳамон луқмаест, ки эҳтимолан кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд онро фурӯ баранд ва аз он дар пахши норозигии мардум истифода кунанд ва ҳамчунин худро аз ҳаводисе монанди “Баҳори араб” эмин доранд. "Коммерсант" менависад, эҳтимолан дар пасманзари заъиф шудани Амрикову Иттиҳоди Аврупо бар асари бӯҳронҳои молӣ, Русия мехоҳад, худро ба аъзои Иттиҳоди нав ҳамчун “жандарми Авруосиё” пешниҳод кунад.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки ба гуфтаи Дмитрий Песков, нахуствазир Владимир Путин, пеш аз пахши ин идея дар нашрияи “Известия” мавзӯъро бо Қазоқистону Беларус, ду кишвари узви Иттиҳоди гумрукӣ ва бунёдгузорони фазои ягонаи иқтисодӣ, ки фаъолияти онҳо бояд авоили соли 2012 шурӯъ шавад, матраҳ накардаст. "Ҳайратовар аст, зеро аз рӯи барномаи Владимир Путин маҳз ҳамин ду кишвар бояд роҳро ба Иттиҳоди оянда ҳамвор кунанд."

Дирӯз раҳбарони ин ду кишвар дар Минск ва Остона ба барномаи иттиҳодсозии Кремлин вокуниш накарданд. Аммо Ғайрат Келимбетов, вазири иқтисоди Қазоқистон моҳи август ба намояндагони матбуот гуфт, ки “дар густариши Иттиҳоди гумрукӣ набояд шитоб кард.”

Манобеи нашрияи "Коммерсант" дар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфтаанд, ки Остона намехоҳад, ҳамсоякишвараш Қирғизистонро дар Иттиҳоди гумрукӣ бубинад. Қазоқистон дар сохтмону танзими марз бо Қирғизистон пули зиёд сарф кардааст ва дар сурати шомил шудани Бишкек ба Иттиҳоди гумрукӣ хароҷоти Остонаро ки ҷуброн хоҳад кард?

Дар навбати худ сиёсатшиносн мегӯянд, ки мавзӯи таъсиси Иттиҳоди Авруосиё барои интихоботи Путин ва мудирияти Путин таъсирбахштарин қарта аст. “Агар Путин тавонад дар нақши барқароркунандаи СССР зуҳур кунад” ин нақш ҷойи ӯро дар таърих таъмин хоҳад кард,”- мегӯянд сиёсатшиносони рус.

Вале коршиноси Маркази конъюнктураи сиёсӣ дар Маскав, Оксана Гончаренко мегӯяд, парокандагӣ ва ҷудоӣ дар худи Русия яке аз монеаҳои асосии тарҳи Путин хоҳад буд. Корманди дигари ин пажӯҳишгоҳ, Павел Салин дар мавриди ҳамоиш бо Қирғизистон ва Узбакистон ба чанд чизи муҳим ишора кард. "Аввалан, аз худи Тоҷикистон пурсида нашудааст, ки оё хоҳиш дорад, ба иттиҳоди нав шомил шавад ва сониян, Тоҷикистон имрӯз ҳарчӣ бештар бо Эрон ҳамкорӣ мекунаду Русия аз бозори он меравад ва Теҳрон дар ин бозор ҷои Русияро мегирад." Таҳлилгар афзудааст, ки ҳамоиш бо Қирғизистон низ барои Русия мушкилоти зиёдеро ба бор хоҳад овард. Агар Шумо ҳам дар ин мавзӯъ гуфтание доред, дар идомаи он бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG