Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ ба нирӯҳои Амрико масуният доданӣ нест


Раҳбарони сиёсии Ироқ мегӯянд, ҳатто дар сурати ахзи тавофуқ ҷиҳати тамдиди замони ҳузури нирӯҳои Амрико, онҳо намехоҳанд ба асокири Амрико дар Ироқ масуният аз муҷозот дода шавад. Ин баёния дар пайи музокироти дирӯза дар Бағдод бо ширкати эътилофҳои шиъаҳову сунниҳо ва курдҳо ва раисиҷумҳури Ироқ Ҷалол Талабонӣ нашр шуд. Вошингтон то ҳол ба ин изҳорот посухе нагуфтааст. Нирӯҳои Амрико бояд то поёни соли равон комилан аз Ироқ хориҷ шаванд. Аммо мақомот мегӯянд, як бахши онҳо ба хотири тамрини нирӯҳои ироқӣ шояд бимонанд. Дар ҳоли ҳозир, дар Ироқ беш аз 40 000 сарбози амрикоӣ адои хидмат мекунад.
XS
SM
MD
LG