Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: Паймон бо Ҳинд алайҳи Покистон нест


Карзай ва Сингҳ

Карзай ва Сингҳ

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз дар Деҳлии нав гуфт, қарордоди мушорикати стротегии бо Ҳинд имзошуда таҳдиде ба Покистони ҳамсояи онҳо нест. Карзай ва сарвазири Ҳинд Мунмаҳон Сингҳ дирӯз ба ин паймон имзо гузоштанд. Карзай талош кард, то нигаронии Исломобод аз тасвиби чунин аҳднома байни Кобул ва рақиби аслии Покистон дар минтақаро бартараф кунад: “Ин аҳднома Афғонистон – бародари Покистонро қавитар мекунад – пулиси моро тамрин медиҳад, артиши моро тамрин медиҳад, ҳазорон ҷавони афғонро, ки ҳоло дар Ҳинданд, таълим медиҳад, ки мо тавони ҳифзи сиҳҳати мардумро ба даст биорем.”
Карзай қабл аз сафараш ба Ҳинд Покистонро ба кумак ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Осиёи ҷанубӣ айбдор кард. Таниши Кобул бо Исломобод дар пайи аз сӯи мақомоти Афғонистону Амрико ба даст доштан дар қатли Бурҳонуддини Раббонӣ айбдор шудани идораи кашфи Покистон шиддат гирифт.
XS
SM
MD
LG