Пайвандҳои дастрасӣ

Гроссман барои баҳси вазъи Афғонистон меояд


Марк Гроссман

Марк Гроссман

Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон имрӯз бо як дидори чоррӯза вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Қарор аст, Марк Гроссман бо раҳбарони Тоҷикистон вазъи Афғонистон ва роҳҳои истиқрори сулҳ дар он кишвари ҷангзадаро баррасӣ кунад. Силсиласафари дуҳафтаинаи Гроссман ба кишварҳои Осиё ва халиҷи Форс рӯзи 1 октябр оғоз ёфта, то 14 октябр идома хоҳад кард. Силсиласафари фиристодаи Амрико ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон, Чину Ҳинд ва Туркияву Қатар ва Имороти Арабро низ дар бар мегирад. Марк Гроссман бори охир дар моҳи май аз Тоҷикистон дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG