Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон дар таҳқиқи қатли Раббонӣ ширкат намекунад


Покистон гуфтааст, ки дар заминаи баррасии чигунагии террори Бурҳониддин Раббонӣ ҳамкорӣ намекунад.

Сухангӯи Кумиссиюни таҳқиқи қатли Бурҳонуддин Раббонӣ мегӯяд, Покистон ба далели ин, ки ҷузъиёти қазия расонаӣ шудааст, аз ҳамкорӣ дар ин замина худдорӣ мекунад.

Доктор Зиё, ки ҳамчунин муовини Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон аст, гуфт: «Мутаассифона мо имрӯз паёмеро аз сафорати Покистон ба даст овардем, ки гӯё қазия ба матбуот кашида шуд. Бинобар ҳамин барои дастир кардани ин афрод ҳеҷ коре карда наметавонем. Гарчи ба унвони як кишвари ҳамсоя ин қазия муҳим мебошад, аммо ба далели ин, ки ин қазия ба матбуот кашида шуд, мо маъзарат мехоҳем.»

Ҷаноби Зиё гуфт, ки Покистон ҳамчунон нахостааст то як ҳайати афғонӣ дар пайванд ба ин қазия озими Покистон шавад.

Аммо мақомҳои сафорати Покистон дар Кобул мегӯянд, ки ин кишвар омодаи ҳар навъ ҳамкорӣ дар ин замина аст. Ин мақомот дар сӯҳбат ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ояндаи наздик таърихи сафари ин ҳайати афғонӣ ба Покистон муайян хоҳад шуд.

Масъулони амниятии афғон ҳафтаи ҷорӣ гуфтанд, ки далоили мӯътабари марбут ба террори устод Раббониро ба сафорати Покистон дар Кобул супурдаанд, то Покистон дар заминаи дастгирии омилони ин қазия бо ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ кунад. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки далелҳо нишон медиҳад, ки қатли Бурҳониддин Раббонӣ дар шаҳри Кувейтаи Покистон тарҳрезӣ шуда ва бомбгузори худкуш покистонӣ будааст.

Оқои Зиё илова кардааст, ки то ҳол се тан дар пайванд ба ин рӯйдод дастгир шудаанд.

Афғонистон қаблан гуфта буд, дар сурати ҳамкори накардани Покистон, ба СММ муроҷиат хоҳад намуд, то дар мавриди ин қазия таҳқиқ кунад. Тарафдорони марҳум Бурҳонуддини Раббонӣ ва мухолифони сиёсии ҳукумати Афғонистон низ хостаанд, ки ин масъала аз сӯи СММ баррасӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG