Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба синни 59 расид. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ ба «Азия Плюс» гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзи навбатиашро дар фазои корӣ таҷлил хоҳад кард. Ӯ дирӯз, дар остонаи зодрӯзи худ ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ дошт.
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси коргар дар корхонаи равғанбарории Қӯрғонтеппа шурӯъ кардааст. Баъди хидмат дар артиши баҳрии Шӯравӣ дар солҳои 1971-1974 ба ҳамин корхона баргашта, баъдан як муддат фурӯшанда низ будааст. Соли 1982 бахши ғоибонаи риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Соли 1988 раиси совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара ва 2 ноябри соли 1992 раиси вилояти Кӯлоб интихоб шуд. Баъди ду ҳафта ба симати раиси Шӯрои олии Тоҷикистон расид. Соли 1994 раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. Эмомалӣ Раҳмон инак 19 сол боз бар Тоҷикистон раёсат мекунад ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ҳифзи курсиаш то соли 2020-ро ба даст овардааст.
Ӯ 2 писар ва 7 духтар дорад. Духтараш Озода – муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ва писараш Рустам – муасисси тими футболи «Истиқлол» ва раҳбари бахши мубориза бо қочоқи кумитаи гумрук аст.
XS
SM
MD
LG