Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз нимашаб то ба ҳол дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе чангбоди бесобиқае чарх мезанад.

Ин вазъ ба саломатии мардум асар гузошта ва бештари сокинон аз авҷ гирифтани бемориҳои тангнафасӣ, фишор, қалб ва ғайра шикоят доранд. Аз сӯи дигар ин ҳолат гаштугузори васоити нақлияро то андозае ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

Дар ҳамин ҳол ин чангбод боиси қатъи тамоми парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе шудааст. Сухангӯи фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон гуфт, имрӯз ба далели чангбод парвози ҳавопаймоҳо аз ин фурудгоҳ ба Екатеринбургу Алма-Ато ва ба фурудгоҳи Внуковои Маскав ба таъхир уфтода, ҳавопаймоҳое, ки аз Маскаву Шарҷа ва Алма-Ато меомаданд, маҷбур шудаанд, дар фурудгоҳи Хуҷанд бишинанд. Ҳавопаймое, ки дар хатти Маскав –Кӯлоб парвоз мекард, низ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастааст. Масъулини ширкатҳои ҳавопаймоӣ мегӯянд, парвозҳои имрӯза шояд фардо ба муҷарради рафъ шудани чангбод анҷом шаванд.



Ба гуфтаи мақомоти Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, ин чангбод то рӯзи ҷумъаи 7-уми октябр идома хоҳад дошт ва ба дунболи он ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.

Дар гузашта низ чунин чангбодҳо ба мушоҳида расидаанд, аммо ин чангбод дар муқоиса бо қаблиҳо бо он фарқ мекунад, ки ба сару рӯи одамон менишинад, ки то дер асараш боқӣ мемонад.

Дар миёни мардум ин чангбод бо номи «боди афғонӣ» шӯҳрат дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG