Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати ҷиноҳҳои сиёсии Ироқ ба талаби Амрико


Раҳбарони сиёсии Ироқ мегӯянд, дар сурати ҳосил шудани созиш дар мавриди идомаи ҳузури нерӯҳои Амрико дар қаламрави Ироқ, мухолифи додани ҳаққи масӯният ба сарбозони амрикоӣ ҳастанд. Як чунин баёнияро рӯзи сешанбе пешвоёни ҷиноҳҳои сиёсии шиъамазҳабон, сунниҳо, курдҳо ва раиси ҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ нашр карданд. Дар ин баёния омадааст, раҳбарони сиёсии Ироқ мепазиранд, ки зарурати фаврии тамрину муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои Ироқ аз тарафи нерӯҳои Амрико вуҷуд дорад, вале мухолифи додани ҳаққи масуният ба сарбозони Амрико ҳастанд, чизе ки Вашингтон талаб дорад. Бар асоси тақвими мувофиқашудаи дуҷониба нерӯҳои Амрико бояд то охири ҳамин сол Ироқро тарк кунанд, аммо баъзе аз мақомоти ин кишвар гуфтаанд, теъдоде аз сарбозони Амрико метавонанд, барои тамрини сарбозони Ироқ бимонанд. Айни замон дар Ироқ 40 ҳазор сарбози амрикоӣ ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG