Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветои Чину Русия Амрикоро ошуфта кард


Давлати Амрико мегӯяд, аз ветои Русияву Чин, ки нагузоштанд, қатъномаи таҳримотӣ алайҳи Сурия дар Шӯрои Амният қабул шавад, ошуфта шудааст. Дар ин қатънома аз давлати Сурия хоста мешуд, ба саркӯби тазоҳургарони зиддидавлатӣ хотима диҳад, дар акси ҳол танбеҳ хоҳад шуд. Дар раъйгирии рӯзи сешанбе дар Шӯрои Амният, 9 нафар аъзои шӯро раъйи мувофиқ ва танҳо Русияву Чин раъйи мухолиф доданд. Сюзан Райс, сафири Амрико дар Созмони Милал баъди ин раъйгирии бенатиҷа дар Шӯрои Амният гуфт: “Амрико аз он ошуфта шудааст, ки шӯро комилан натавонист ба ин чолиши ахлоқӣ ва таҳдиди афзоянда ба сулҳу амнияти минтақавӣ расидагӣ кунад.“ Тарҳи қатъномаро Фаронса бо ҳамкории Бритониё, Олмон ва Португалия таҳия кардаанд. Созмони Милал мегӯяд, аз моҳи март, аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ алайҳи режими Башшор Асад дар Сурия то кунун бештар аз 2700 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG