Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Чин, қатънома алайҳи Сурияро вето карданд


Русия ва Чин пешнависи қатъномаи таҳримотӣ алайҳи Сурия дар Шӯрои Амният вето карданд, ки аз он кишвар мехост, ба саркӯби тазоҳургарони зиддидавлатӣ хотима диҳад, вагарна танбеҳ хоҳад гирифт. Дар раъйгирӣ дар рӯзи сешанбе, нӯҳ узви Шӯрои Амният раъйи мувофиқ, чаҳор кишвар раъйи мумтанеъ ва Русияву Чин раъйи мухолиф доданд. Сюзан Райс, сафири Амрико дар Созмони Милал баъди раъйдиҳӣ, хашми кишвараш аз раъйдиҳии бенатиҷаро баён кард: “Амрико аз он ба хашм омад, ки шӯро комилан натавонист ба ин чолиши ахлоқӣ ва таҳдиди афзоянда ба сулҳу амнияти минтақавӣ расидагӣ кунад.“ Тарҳи қатъномаро Фаронса бо ҳамкории Бритониё, Олмон ва Португалия таҳия кардаанд. Дипломатҳои Русия қаблан гуфта буданд, ки намегузоранд, қатъномаи таҳримотӣ алайҳи Сурия қабул шавад. Созмони Милал мегӯяд, аз моҳи март, аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ алайҳи режими Башшор Асад дар Сурия то кунун бештар аз 2700 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG