Пайвандҳои дастрасӣ

Рутбаи эътибори иқтисодии Итолиёро поин бурданд


"Moody", оҷонси бонуфузи рутбасанҷи иқтисодӣ, рутбаи эътибори иқтисодии Итолиёро се дараҷа ва ба ҳадди А2 поин оварда ва дурнамои иқтисоди онро “манфӣ” хонд. Дар баёнияи расмии оҷонс омадааст, “хатарҳои мавҷуди иқтисодиву молӣ дар Итолиё ва мушкилоти қарзии кишварҳои ҳавзаи евро ба мисли Юнон омилҳои манфӣ арзёбӣ шудани дурнамои рушди иқтисодии Итолиёст”. "Moody" мегӯяд, Итолиё дар баробари талотумҳои молӣ осебпазир боқӣ мемонад, вале аз хатари варшикастагӣ дур аст. “Стандарт энд Пур” як муассисаи дигари рутбасанҷӣ моҳи сентябр рутбаи эътибори молии Итолиёро поин бурда буд. Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё гуфтааст, ин баҳогузориро интизор дошт ва ҳукуматаш ба аҳди хеш барои коҳиши қарзи давлатӣ содиқ аст.
XS
SM
MD
LG