Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон рӯзи забони давлатиро таҷлил мекунад


Дар Тоҷикистон имрӯз рӯзи забонро таҷлил мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур рӯзи сешанбе дар як паёми табрикиаш гуфтааст, ҳукумат барои рушди забони модарӣ тадбирҳои зиёд меандешад ва таҳияи Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ баёнгари тавваҷҷӯҳи хоси ҳукумат ба ин масъала аст. Баҳсҳо бар сари забони тоҷикӣ аз замони соҳибистиқлол шудани кишвар идома дорад ва теъдоде аз зиёни кишвар мехоҳанд, то Тоҷикистон ҳуруфи сирриликро канор гузорад ва ба хати форсии ниёгон баргардад.
XS
SM
MD
LG