Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози модарони як рустои Русия аз марги сарбоз


Модарони як рустое дар Русия қавл додаанд, то замоне, ки марги як сарбоз аз ин русто дурусту комил таҳқиқ нашавад, намегузоранд, фарзандонашонро ба артиш баранд. Ба гузориши бахши тоториву бошқирдии Радиои Озодӣ, модарони рустои Арслон дар вилояти Челябинск аз марги Руслан Ҳайдархонов ба хашм омадаанд, ки ҷасади ӯро як моҳ дар пеш дар як воҳиди низомии ҳамин вилоят пайдо карданд. Мақомот мегӯянд, Руслан Ҳайдархонов худро овехтааст, вале ба гуфтаи хешовандонаш дар бадану сурати Руслан осори ҷароҳатҳои зиёд мушоҳида мешуд ва ангуштонаш ҳам бисёр сӯхта буданд. Дар воҳидҳои низомии Русия бадрафторӣ бо сарбозони ҷавон як мушкили умда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG