Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти аъзои мазнуни Ҳизби Таҳрир дар Бишкек


Дар Қирғизистон ду занро бо иттиҳоми узвият ба созмони тундгарои исломии Ҳизб–ут-Таҳрир боздошт кардаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, мақомоти интизомӣ ин ду нафарро дар Бишкек пойтахт дастгир ва ба тарғиби тундгароии мазҳабӣ муттаҳам кардаанд. Ба ду ҳамроҳи дигари ин занон амр додаанд, то замони тафтиши рафторашон, Қирғизистонро тарк накунанд. Ба гуфтаи мақомот, ин чаҳор нафар дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй, дигар занонро ташвиқ мекардаанд, ки дар таъсиси Хилофати Исломӣ дар Осиёи Марказӣ кӯмак кунанд. Ҳадафи Ҳизб-ут-Таҳрир, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, таъсиси чунин хилофат дар минтақа мебошад.
XS
SM
MD
LG