Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай дар Деҳлӣ бо Манмуҳон Сингҳ мулоқот кард


Ҳомид Карзай ва Манмуҳон Сингҳ дар Деҳлӣ

Ҳомид Карзай ва Манмуҳон Сингҳ дар Деҳлӣ

Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҷараёни боздиди дурӯза аз Ҳиндустон бо Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳиндустон мулоқот анҷом дод. Баъд аз мулоқот як силсила асноди стратегии вобаста ба таҳкими муносиботи дуҷониба имзо шуд. Ин дуввумин боздиди Карзай аз Ҳиндустон дар соли ҷорист ва он дар марҳалае анҷом мегирад, ки муносиботи миёни Афғонистону Покистон сард шудааст.

Ҳиндустон рақиби дерини Покистон ба шумор меравад ва бо Афғонистон низ ҳаммарз аст. Ахиран ниҳодҳои кашфи Афғонистон ва Амрико бар ин нукта ишора карданд, ки дар паси куштори Бурҳониддин Раббонӣ-раиси ҷумҳури пешини Афғонистон нируҳои кашфи Покистон қарор доранд.

Ҳомид Илмӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, боздиди кунунии Карзай аз Ҳиндустон бо сардии муносиботи миёни Кобулу Исломобод иртибот надорад:

“Ин боздид аз муддатҳо қабл барномарезӣ шуда буд ва ба ин маъно нест, ки ба ташдиди муносиботи Покистону Афғонистон ё Покистону Амрико иртибот дорад. Ин пештар ба нақша гирифта шуда буд”.

Ҳиндустон нируҳои кашфи Покистонро муттаҳам мекунад, ки бо тундравҳо иртибот доранд, ононе, ки дар Ҳиндустон ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Аммо мақомоти расмии Покистон ҳамкории худ бо тундравҳоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG