Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии КБСС аз вазъи беҳдоштии Афғонистон


Жак де Майо-раҳбари кӯмакҳои Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Осиёи Ҷанубӣ
Жак де Майо-раҳбари кӯмакҳои Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Осиёи Ҷанубӣ
Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх мегӯяд, ташдиди вазъи амниятӣ дар Афғонистон имкон намедиҳад, ки ба баъзе аз қисматҳои Афғонистон кӯмакҳои тиббӣ расонда шавад. Жак де Майо-раҳбари кӯмакҳои Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Осиёи Ҷанубӣ чунин вазъро “нигаронкунанда” номидааст. Вай аз ҳеҷ минтақаи осебдида мушаххасан ном набурдааст. Дар гузориши ахири СММ гуфта мешавад, ки задухӯрдҳо ва ҳамлаҳои моҳона дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 40 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG