Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи Путин. Империяи нав ё шиори интихоботӣ?


Путин дар нишасти сарони ЕвразЕС, октябри соли 2007.

Путин дар нишасти сарони ЕвразЕС, октябри соли 2007.

Вокуниш ба мақолаи Путин, ки дар «Известия»-и чопи Маскав мунташир шуд, дар Тоҷикистон яксону якранг нест.

Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон аз изҳори назар дар мавриди ин навиштаи ҷаноби Путин худдорӣ карданд, вале Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон онро баёнгари эҳёи «неоимпериализми муосири русӣ» арзёбӣ кард.

Владимир Путин, сарвазири Русия ва аз номзадҳои умда барои курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар бо интишори як
Сӯҳроб Шарифов

матлаб изҳор дошта, ки дар ояндаи наздик бо ҷалби ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳайати Иттиҳоди гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистон иттиҳоди наверо бо номи Авруосиё таъсис хоҳад ёфт.

Ҷаноби Путин бо баршумориҳои афзалият ва аҳамияти ин Иттиҳод изҳор доштааст, ки он барои зиндагии шоистаи 165 миллион аҳолии ин қаламрав басо муҳим аст ва он як навъ шабеҳи Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд ва барои кишварҳое, ки қасди узвияти дар онро доранд, дарҳояш ҳамвора боз аст.

ЛАҲНИ ОМИРОНАИ ҶАНОБИ ПУТИН

Мақолаи Путин шояд бидуни вокуниш боқӣ мемонд, агар ӯ номзади асосии Кремл барои ишғоли курсии президентӣ дар ин кишвар намебуд. Аз ин рӯ бархе аз коршиносон бо ишора ба лаҳни омирона ва қотеияти гуфтори ин навишта онро ҳатто як навъ барномаи ҳамкориҳои ояндаи Русия бо кишварҳои шӯравии пешин талаққӣ карданд.

Путин менависад, ӯ дар талоши барқарории СССР ва ё иттиҳоди шабеҳи он нест. Вале бардошти коршиносони тоҷик дақиқан баръакси ин гуфтаҳои ӯст.

Таҳлилгар Рашид Абдулло мегӯяд, Русия дар аҳди Путини нав, ки то чанд моҳи дигар курсии раёсати ин кишварро соҳиб хоҳад шуд, талош хоҳад кард нуфузи худро дар кишварҳои Осиёи Миёна барқарор кунад. Оқои Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

мегӯяд, Путин дар ин маврид мардумони ин кишварҳо ва худи Русияро асосан мухотаб қарор додааст, чун хуб медонад, ки аксарияти аҳолии ин қаламрав низ дар ҳамин андеша аст.

Вале ҳоло шароит ва авзои ҷаҳон комилан иваз шудааст ва гумон аст, ки бо чунин «андешаҳои романтикӣ» ва адами механизмҳои мушаххаси ҳамгироӣ, пешниҳоди Путин амалӣ бишавад. Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, талоши Путин ин аст, ки Русия дубора ба як кишвари меҳварӣ табдил бишавад ва кишварҳоеро, ки дар ин иттиҳод шомил хоҳанд шуд, зери сиёсатҳои худ қарор диҳад.

ТАБЛИҒИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ПУТИН?

Бархе аз коршиносони дигар ин матлабро як навъи таблиғи пешазинтихоботии Путин арзёбӣ карданд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле, ки бархе аз масъулони давлати Русия аз ҷорӣ кардани низоми виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекунанд, даъвати ҷаноби Путин барои дар як иттиҳод ҷамъ омадани ин кишварҳоро наметавон ҳарфи ҷиддӣ шуморид.

Путин дар мақолааш менависад, Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон ҳастаи як иттиҳоди нави кишварҳои Авруосиё хоҳад шуд. Ба навиштаи ҷаноби Путин бо таъсиси Иттиҳоди Авруосиё дар қаламрави

шӯравии пешин «барои шаҳрвандон монеаҳои муҳоҷиратӣ, марзбонӣ ва дигар, ба мисли “квотаҳои корӣ” аз байн рафта, ин ба маъное хоҳад буд, ки онҳо метавонанд, дар куҷо зистан, таҳсил ё кор кардани худро худ интихоб мекунанд."

Вале бо таваҷҷӯҳ ба муноқишаҳои зиёди иқтисодӣ дар байни ду кишвари узви Иттиҳоди гумрукӣ -- Русия ва Белорус ва афзоиши нархҳо дар пайи узвияти Қазоқистон дар ин созмон гумон аст, ки ин пешниҳоди ҷаноби Путин бо осонӣ амалӣ бишавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қабзаи низомҳои худкома қарор дошта, гумон аст, роҳбарони ин кишварҳо аз истиқлолияти худ бар суди Русия даст кашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG