Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Сомалӣ мегӯянд, имрӯз мошини бамгузоришудае дар Магадишу-пойтахти ин кишвар дар назди биное, ки идораҳои ҳукуматӣ ҷой гирифтаанд, мунфаҷир шудааст. Дар ин инфиҷор тақрибан 70 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Полис гуфтааст, ки ин мошин дар назди посгоҳи амниятӣ дар даромадгоҳи вазорати маориф мунфаҷир шудааст. Сухангӯи гурӯҳи тундрави исломии Ал-Шабоб мегӯяд, ин ҳамларо гурӯҳи онҳо анҷом додааст. Ал-Шабоб бо Ал-Қоида иртибот ва ҳамкорӣ дорад ва бахшҳои зиёде аз қаламравҳои марказии Сомлиро зери назортаи худ даровардааст.
XS
SM
MD
LG