Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Тоҷикистон як пора аз қаламрави худро ба ихтиёри Чин вогузор кард.

Ин маросим бо ширкати намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Чин дар минтақаи марзии Мурғоб сурат гирифт ва низомиёни чинӣ ба ин ҳудуди акнун собиқ қаламрави Тоҷикистон мусаллат шуданд.

Манобеъ дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки маросими вогузори ин “замини даъвоӣ” рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ иттифоқ уфтода буд, вале Чин, замони муносиб барои нашри ин хабарро дар рӯзи истиқлоли худ муносиб донистааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки бо ин иқдом Чин навъе пирӯзии худ дар ин масъаларо таҷлил кардааст. Аммо нашри ин хабар дубора ба захми тоза дар Тоҷикистон нохун задааст.

Нашри хабари таҷлил аз вогирии замини Тоҷикистон дар Чин баҳси додани замин дар Тоҷикистонро дубора доғ кардааст. Бо он, ки хатти марзии Чин ба дохилтари Тоҷикистон оварда шуд ва низомиёни Чин бар тикае аз хоки ҳоло собиқи Тоҷикистон мусаллат шуданд, акнун ду суол матраҳ шудааст. Яке ин, ки оё бо ин даъвои Чин хатм хоҳад шуд ва ё бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи масъала, ин аждаҳои хомӯш интизори фурсати дигаре барои матраҳ кардани даъвои марзӣ хоҳад нишаст?

Суоли дигар ин аст, ки баҳсҳои дохилӣ дар Тоҷикистон бо ниҳоӣ шудани қазия миёни ду кишвар фурӯкаш хоҳад кард ва ё ҳамчунон имкон дорад дар маҳофил ва гироишҳои сиёсӣ бар алайҳи гурӯҳи ҳоким дар Тоҷикистон истифода шавад?

ДОҒИ СИЁҲ ДАР ТАЪРИХ?

Зафар Абдуллоев, таҳлигари тоҷик ба ин бовар аст, ки гузоштани аломат дар марзи Тоҷикистон бо Чин ба маънои
Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик

хатми баҳси додани замин ба он кишвар нахоҳад буд. Балки ин қитъаи замин чун холе сиёҳ дар ҳамаи тӯли таърихи баъдӣ боқӣ хоҳад монд. Аммо мегӯяд, оқои Абдуллоев, аз нигоҳи дигар даъвои Чин бо ин хатм хоҳад шуд ва Тоҷикистон аз як даъвои бузург барои ҳамеша халос шудааст.

Оқои Абдуллоев мегӯд, «бо ниҳоӣ шудани ин масъала, баҳси додани замин ба Чин ва интиқодот аз ҳукумат фурӯкаш намекунад, балки то вопасин рӯзи раиси ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон идома хоҳад кард. Ва ҳатто гузашта аз он ҳам, наслҳои оянда доир ба ин масъала баҳсу баррасӣ хоҳанд кард. Ин масъала дар ягон даврае аз таърих ва ҳаргиз осон ҳал нашудааст. Баҳси Аляска бо гузашти садсолаҳо ҳанӯз идома дорад. Ба ин далел додани замин ба Чин аз ҳофизаи миллат ҳазф нахоҳад шуд. Аммо аз сӯи дигар фикр мекунам, ки бо анҷоми ин кор даъвоҳои Чин ба ҳудуди Тоҷикистон расман хатм хоҳанд шуд. Зеро ин як муомилаи дуҷониба буд, на якҷониба. Ва Чин дигар даъвои ҳудудӣ ба Тоҷикистон нахоҳад дошт. Ба истиснои мавридҳое, ки агар Тоҷикистон дар вартаи фӯрпошӣ қарор нагирад.»

Тоҷикистон дар соли 2002 созишномаи ҳалли баҳси марзӣ бо Чинро ба имзо расонд ва дар январи соли соли 2011 парлумони Тоҷикистон ин созишномаро ба тасвиб расонид. Ин созишнома дар Маҷличси намояндагони Тоҷикистон ҳамагӣ ду мухолиф дошт, ки ҳарду ҳам вакилони ҲНИТ буданд, ки мегуфтанд, ин ба сурати ғайриқонунӣ додани замин ба Чин аст. Аммо мақомот онро навъе пирӯзии дипломатияи Тоҷикистон унвон карда буданд. Вале акнун таҷлил аз гирифтани замини Тоҷикистон дар Чин то ҷое мақомотро дар назди мунаққидони худ сархам кардааст.

МАГАР ЧИН АЗ ДАЪВОИ ХУД ДАСТ БАРДОШТААСТ?

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН ва муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, додани замин ба Чин акнун ба мавзӯи баҳсҳои сиёсӣ табдил мешавад. Ӯ мегӯяд, аз сӯи дигар Чин ба ин иктифо нахоҳад кард ва интизори фурсати дигаре хоҳад буд барои матраҳ кардани даъвои ҳудудии худ.

Оқои Ҳусайнӣ бовар дорад, ки Чин аз ҳамон нақша - барномаи нашрнамудаи худ дар соли 1954, ки то ҳадди ақал то Хоруғ ва ҳадди аксар то Тошкандро қалмарави худ медонад, ҳамчунон даст набардоштааст: «Агар ба гуфтаи ҳукумат бовар кунем, гӯё ҳамаи масъала ҳал шудааст ва Чин дигар даъвои ҳудудӣ надорад. Аммо аз он, ки мегуфтанд, Чин замини зиёде талаб дорад ва мо бо
Саидумар Ҳусайнӣ,муовини раиси ҲНИТ

ҳамин 3 фоиз онро ҳал кардем, бармеояд, ки Чин ҳамчунон даъво дорад. Ва дар ҳеҷ куҷо наомадааст, ки аз даъвои дигараш даст мекашида бошад. Ин метавонад фақат маънои мутаваққиф кардани даъворо дошта бошад. Масалан, мо имрӯз даъво дорем, ки Самарқанду Бухоро заминҳои мо, шаҳрҳои мо ҳастанд, аммо чун зӯрамон намерасад, хомӯш ҳастем. Вале агар рӯзе зӯрамон расид, шояд даъво кунем. Табиати башарӣ ва мамлакатдорӣ ҳамин аст. Аз ин хотир фикр намекунам, ки Чин низ аз даъвои худ гузашта бошад.»

"ЯК МУШКИЛИ ТАЪРИХӢ ҲАЛ ШУД"

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамаи даъво хатм шуда ва бо ин иқдом Тоҷикистон на замини худро ба ихтиёри Чин додааст, балки як мушкили умдаи таърихро ҳал кардааст. Худойбердӣ Холиқназаров, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки замоне муовини сафири Тоҷикистон дар Чин ҳам буд мегӯяд, мутмаинан Чин дигар даъвои марзӣ бо Тоҷикистон нахоҳад дошт ва баҳси замин ҳам фурӯкаш хоҳад кард. Ӯ мегӯяд: «Мо 999 километри квадратӣ дода бошем, Русия аз мо се баробар бештар дод ба Чин. Қазоқистон аз мо ду баробар зиёд дод. Вале ин масъала баҳс намешавад. Масъалаи баҳси додани замин не, балки ҳалли баҳси марзӣ миёни ду тараф буд. Масъала ҳал шуда ва дигар даъвое боқӣ намондааст».

Дар воқеъ баҳси ҳудудӣ миёни ҳамаи ҳамсояҳои Чин ва
Худойбердӣ Холиқназаров, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон

ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ меросе аз шӯравӣ ва ҳатто қабл аз он ҳаст. Чин бахше аз хоки шӯравиро қаламарави худ медонист ва барои бозпас гирифтани ин ҳудудҳо як навбат ба қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ кӯшиши ҳамла низ карда буд. Аммо ба шиддат посух гирифт ва муносиботи шӯравӣ ва Чин тира боқӣ монд. Бо фурӯпошии шӯравӣ, дубора ин баҳс миёни Чин ва кишварҳои мустақил доғ шуд ва Қазоқистон нахустин кишваре буд, ки бо вогузории бахше аз ҳудуди худ баҳси марзӣ бо Чинро хатм кард.

Ба дунболи он дар соли 1999 Қирғизистон ва дар соли 2005 Русия низ бо додани бахше аз қаламравҳои худ ба ихтиёри Чин ба даъвои марзӣ нуқта гузоштанд.

Аммо мунтақидони давлат дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ин кор бар хилофи Қонуни асосӣ сурат гирифтааст, ки ба сароҳат таъкид мекунад, ки тайғири ҳудуди ВМБК бе ризояти ин вилоят ва ё бе ҳамапурсии умумӣ манъ аст. Аммо мақомот дар додани замин ба Чин баргузории раъйгирии умумӣ ва ё ҳам гирифтани мувофиқаи расмии Бадахшонро зарур нашумурданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG