Пайвандҳои дастрасӣ

Юнон то миёнаи ноябр кӯмаки молиро мунтазир мешавад


Евангелос Венизелос -вазири молияи Юнон

Евангелос Венизелос -вазири молияи Юнон

Евангелос Венизелос -вазири молияи Юнон гуфт, ки кишвараш метавонад то миёнаи моҳи ноябр тасвиби кӯмакҳои молии байналмиллалиро мунтазир шавад. Пештар ҳукумати Юнон гуфта буд, ки бидуни кӯмакҳои молӣ то миёнаи моҳи ҷорӣ наметавонад қарзҳои худро пардохт кунад ва пули нақдаш тамом мешавад. Венизелос баъд аз бозгашт ба Афина-пойтахти Юнон ин суханонро ба забон овард. Вай дар Луксембург дар мулоқоти вазирони молияи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ширкат дошт. Дар ин мулоқот вазирон тасвиби 8 миллиард евро кӯмаки навбатӣ ба Юнонро то поёни моҳи ҷорӣ ба таъхир андохтанд.
XS
SM
MD
LG