Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 20 дар сади шаҳрвандони Русия мехоҳанд, ватани худро барои ҳамеша тарк кунанд.

Чунин аст хулосаи “Левада”, Маркази омӯзиши афкори умум, ки ахиран анҷом шуд. Бар пояи ин пажӯҳиш дар аксар ҳолат шаҳрвандони сарватманд ва таҳсилкарда мехоҳанд аз Русия берун шаванд. Ин гурӯҳро вазъи сиёсии кишвар, фасодкорӣ, хизматрасонии бади тиббӣ ва набуди дурнамои хуб аз Русия дилсард кардааст. Коршиносон афзоиши теъдоди хоҳишмандони хуруҷ аз Русияро пешгӯӣ мекунанд ва
Сабабҳои тарки ватан кардан вобаста ба вазъият дигар мешаванд. Вале дар навбати аввал фасодкорӣ, додгоҳҳои ноозод, сатҳи пасти амнияти иҷтимоӣ номбар мешаванд, ки ки эҳсоси ноозод буданро дар инсонҳо афзун мекунад...

мегӯянд, барномаи номзадии дубораи Путин ба мақоми перезидент ба тасмими шаҳрвандони дилсард таъсир доштааст.

Мавзӯи муҳоҷират аз Русия солҳои охир аз мавзӯъҳои мавриди баҳси ҷомеа буда, чанде пеш дар интернет ҷамъияте бо номи “Вақти рафтан расид” таъсис ёфт. Аъзои ин ҷамъият шарҳ додаанд, ки чаро аз ватан рафтан мехоҳанд ва ё кайҳо боз рафтаанд. Ин гурӯҳ ба афроде, ки тасмими онҳоро ҷиддӣ намегирад, пешниҳод кардааст ки сарлавҳаҳои зерро мутолиа кунанд:

“Тазоҳургарони зидди истифодаи ожир ё мигалка дар Маскав боздошт шуданд”,
“Бар асари фасодкорӣ дар артиши Русия 600 миллион рубл гум шудааст”,
“Додгоҳ ба баррасии дуздии пул аз бунёди бознишастаҳо шурӯъ кард”,
“Пажӯҳиш сабаби амалиёти террористӣ дар фурудгоҳи Домодедоворо ошкор кард” ва сарлавҳаҳои дигар.


Ҷомеашиноси маркази Левада, Лев Гудков мегӯяд, ки теъдоди хоҳишмандони дуртар шудан аз Русия дар воқеъ рӯ ба афзоиш овардааст.

Лев Гудков

"22 дарсад мехоҳанд барои зиндагии доимӣ аз Русия ба кишварҳои дигар бираванд. Ба сурати умум инҳо мардуми таҳсилкарда пулдор ва бошандагони шаҳрҳои бузурги Русияанд. Ҳамасола ҳудуди 100 ҳазор нафар бо нияти зиндагӣ дар мамлакатҳои дигар аз кишвар хориҷ мешавад. Дурустии ин рақамро мешавад бо омори кишварҳои хориҷӣ ва гузоришҳои демографҳои рус тасдиқ кард."

-Афроде, ки аз русия хориҷ мешаванд, чӣ сабаб пеш меоранд?

-Асосан орзуи зистан дар як кишваре бо сатҳи баланди зиндагӣ, ҳимояти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, имкони рушд ва бунёди ҳирфа ва ё карйераи дилхоҳ. Ин арзишҳо махсусан барои онҳое, ки шуғлашон ба ақлу тафаккур бастагӣ дорад, муҳим аст, ба монанади нависандаҳо, муҳандисҳо, барномарезон. Сабабҳои тарки ватан кардан вобаста ба вазъият дигар мешаванд. Вале дар навбати аввал фасодкорӣ, додгоҳҳои ноозод, сатҳи пасти амнияти иҷтимоӣ номбар мешаванд, ки ки эҳсоси ноозод буданро дар инсонҳо афзун мекунад.

-Оё шумо метавонед пешгӯи кунед, ки тасмими Путин барои бозгашти дубора ба курсии раёсати ҷумҳур ба мавҷи хоҳишмандони берун рафтан аз Русия зам мекунад ё аз он кам?

-Бидуни шубҳа ин омил раванди тарки кишвар кардани шаҳрвандонро афзоиш медиҳад. Пеш аз ҳама ҷараёни берун шудани синфи миёнаро.

Мутахассисон мегӯянд, агарчӣ беш аз 20 дар сад хоҳиш доранд, барои ҳамеша тарки ватан кунанд, аммо дар воқеъ на ҳама ҳозиранд оҷилан дар ин ҷода иқдом кунанд. Бинобар маълумоти пажӯҳишгарон, ҳоло ним дар сади пурсидашудҳо барои рафтан ба кишвари дигар санад омода мекунанд, 1 дар сади русҳо барномаи сафарроо қотеона пайгирӣ мекунанд ва ҳоло ба қарори мушаххас расидаанд.

Чӣ омиле шаҳрвандонро аз зиндагӣ дар давлатҳои дигар нигоҳ медорад?

Ба ин пурсиш раҳбари Маркази пажӯҳишии истихдом Наталия Голованова посух дод:

-Вақте, ки кор ба амалҳои воқеӣ мерасад, мисли ҷойи кор, манзил, хоҳишмандон ба фикр фурӯ мераванд – яъне ту ба кишваре меравӣ ки забонаш дигар аст, расму русумаш дигар аст. Ин омил теъдоди хоҳишмандонро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Пажӯҳишҳои мо нишон медиҳанд, мардум ба таҳаввулоте, ки дар кишвар мегузарад назари интиқодӣ доранд. Аммо теъдоди ками онҳо ба шурӯи як зиндагии дигар дар як кишвари дигар ҷуръат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG