Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон баъди қатли Бурҳонуддини Раббонӣ дар таъқиби сулҳу оштиаш дар як дуроҳа қарор гирифтааст.

Сафари дурӯзаи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба Ҳинд, ки имрӯз оғоз ёфт, тақвияти равобити иқтисодӣ ва имзои як қарордоди тамрини нирӯҳои амниятии Афғонистон аз ҷониби Ҳиндро ба ҳадаф дорад. Дар Кобул боисрор мегӯянд, ки сафари Карзай аз пеш барномарезӣ шуда, рабте ба танишҳои ахири Кобулу Исломобод надорад. Вале ин муомилоти Кобул бо Деҳлии нав, бахусус дар бахши амният, зоҳиран ба асаби Покистон сахт хоҳад расид ва бар нигарониҳои Исломобод аз фаъолтар шудани Ҳинд дар саҳнаи Афғонистон хоҳад афзуд.

КАРЗАЙ АЗ ИСЛОМОБОД НАВМЕД ШУДААСТ

Ин дуввумин сафари Карзай ба Ҳинд дар соли ҷорист ва дар ҳоле сурат мегирад, ки давлати Карзай аз Покистон хеле навмед шудааст. Ва агар қаблан Деҳлӣ Исломободро ба кӯмак ба гурӯҳҳои ҷангӣ дар амри анҷоми ҳамалот дар Кашмир айбдор мекард, акнун Кобул низ бо ҳамовозӣ бо Ҳинд ҳарчӣ бештар ангушти иттиҳом ба сӯи Покистон баланд мекунад, ки то ҳол аз кӯмак ба ҷангиёни толиб комилан даст набардоштааст.

Танишҳо байни Кобулу Исломобод бахусус дар пайи қатли раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ дар таърихи 20 сентябр шиддат гирифт. Мақомоти аршади афғон ISI- идораи кашфи Покистонро ба тарроҳии ин ҳамла айбдор мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, қотили Раббонӣ гӯё бо паёми сулҳ бевосита аз Покистон омада буд ва нақшаи сӯъиқасд ба ҷони ӯро Шӯрои Квейта- як ниҳоди олии раҳбарии ҷунбиши Толибон- таҳия кардааст.

БОЗБИНӢ ДАР СТРАТЕГИЯИ СУЛҲ

Ҳомиди Карзай қабл аз тарки Кобул ба қасди Ҳинд дар як паём ба мардуми Афғонистон бори дигар гуфт, ки Кобул стротежии сулҳашро бозбинӣ хоҳад кард ва ба музокира бо тарафҳои воқеъии чунин сулҳ пой хоҳад фишурд, то ба гуфтугӯ бо Толибон, ки бо силсилаи қатлҳои шахсиятҳои маъруфе, чун раиси Шӯрои олии сулҳ Бурҳонуддин Раббонӣ, генералҳо Довуду Шоҳҷон ва Саидхелӣ, волии Қундуз Муҳаммад Умар ва бародари хурдии худи ӯ Аҳмадвалии Карзай, то куҷо ба равиши сулҳ пойбанд буданашро, ба бовари Карзай, намоиш дод: «10 соли гузашта дар айни замон солҳои ҷидол миёни мо ва нерӯҳои НАТО бар сари равишҳои дурусти мубориза бо терроризм будааст. Мо дар фурсатҳои бешумор талош кардем, ки НАТО ва Амрикоро мутаваҷҷеҳ бисозем, то бо лонаҳо ва манобеъи терроризм мубориза кунанд. Ҷанг бо терроризм дар деҳот ва хонаҳои мардуми Афғонистон набуда, балки муборизаи ростин бо он бо тамаркузи густурда ва ҳамаҷогир бар ҷое, ки террористон дар онҷо парвариш меёбанд, дорои маъно ва мафҳум мебошад. Сулҳ орзуи муқаддаси мардуми Афғонистон аст ва бояд дар ҷиҳати таҳаққуқи ин орзу ҳамчунон талош кард. Аммо бояд таъриф кард, ки бояд бо киҳо сулҳ кунем? Равишҳои расидан ба сулҳ бояд мавриди бознигаронӣ қарор бигирад. Мо дар воқеъ бо давлатҳо тараф ҳастем ва на бо нирӯҳои вобаста ба онҳо. Аз ин рӯ, бояд бо тарафи аслӣ ва соҳиби салоҳият гуфтугӯ намоем. Дар бораи масоили ёдшуда ва сулҳу амният ва наҳви бархӯрди мо ба таҷовузоти давомдори берунӣ дар Лоя Ҷиргаи анъанавие, ки анқариб, иншоаллоҳ, доир мешавад, аз намояндагони мардуми Афғонистон толиби машвара ва ҳидоят мешавем ва тибқи хост ва орзуи миллати мо амал хоҳем кард.»

Ҳомиди Карзай ин бор мушаххасан аз Покистон ном набурд, вале ӯ чанд рӯз пеш дар дидор бо аъзои Шӯрои уламои Афғонистон гуфт, ки маҳз Исломободро ҳомии Толибон ва тарафи дигари сулҳ мешиносад ва мутмаин аст, ки музокираи сулҳ бояд бо давлати Покистон сурат бигирад, на бо Толибон.

РАББОНӢ ДАР БОРАИ ПОКИСТОН ВА СУЛҲ ЧӢ МЕДОНИСТ?

Рӯзномаи амрикоии “Washington Post” низ имрӯз дар матлабе бо номи «Рабббонӣ дар бораи Покистон ва сулҳ чӣ медонист?» навишт, ки қатли Раббонӣ нохушбиниҳо нисбат ба раванди сулҳи бе ин ҳам алакай дар ҳоли рукуд ва дурнамои суботи Афғонистонро амиқтар кард.

Бурҳонуддини Раббонӣ дар як гуфтугӯи ду моҳ пешаш ба муаллифи ин мақола гуфтааст, ки чирикҳои толиб мехоҳанд пушти мизи музокироти сулҳ бишинанд, вале тавре аз боздошти Мулло Абдулғанӣ Бародар дар моҳи феврали соли 2010 бармеояд, онҳоро сарпарастони покистониашон аз ин роҳ бармегардонанд.

“Washington Post” менависад, ин суханони Раббонӣ бо кадом далоил дар ин шароити вижа аз афзоиши ҳамалот алайҳи Кобул суд ҷустани доираҳои низомии Покистонро намекушояд, вале нақши Покистон дар тахриби раванди сулҳро бармало мекунад. Муаллиф мегӯяд, агар Покистон чирикҳоро пушти мизи гуфтугӯ наорад ва ё ба натиҷаҳои сулҳ алоқаи қотеъ нишон надиҳад, Амрико чорае ба ҷуз аз иттихози тадобири шадидтар дар қиболи Исломобод нахоҳад дошт.

КОБУЛ МИЁНИ ИСЛОМОБОДУ ДЕҲЛӢ

Аммо дар ҳоли ҳозир, ки давлати Карзай аз Исломобод чунин навмед шудааст, ҳарчӣ бештар рӯи қудратҳои дигари минтақавӣ ва асосан рӯи Ҳинд ҳисоб мекунад ва хостори нақши фаъолтари Ҳинд дар Афғонистон дар пайи хуруҷи нирӯҳои хориҷист. Вале Ҳинд мӯҳтотона мегӯяд, ки дар равобиташ бо Кобул бештар бар «сиёсати нарм», яъне ба кумакҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои тиҷорӣ тамаркуз мекунад.

Ин кишвар бо ҳудуди 2 миллиард ваъдаи кӯмак ба иқтисоди Афғонистон, ки даҳҳо тарҳ, сар карда аз сохтани роҳҳо то бунёди сохтмони парлумони Афғонистонро дар бар мегирад, алакай яке аз маблағгузорони умдаи давлати Карзай маҳсуб мешавад. Аммо Деҳлии нав мехоҳад итминон бигирад, ки бо хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар соли 2014, Афғонистон дигарбора ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ нахоҳад рафт ва аз нав ба як манбаъи дардисарҳои амниятӣ барои кишварҳои минтақа табдил нахоҳад ёфт.

Исломобод аз сӯи худ аз чунин фаъолиятҳои Ҳинд, бавижа аз барномаи тамрини афсарони амниятии афғон аз сӯи мурабиёни ҳиндӣ дар ташвиш уфтодаааст.

Мақомоти покистонӣ ҳатто ба тарҳҳои роҳсозии Ҳинд дар Афғонистон бо шубҳа нигоҳ карда, ҳадаф аз ин тарҳҳоро дар вилоёти Афғонистон ҷобаҷо кардани ҷосусони Ҳинд медонанд.
XS
SM
MD
LG