Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Ҳомид Карзай аз Ҳиндустон оғоз шуд


Манмуҳон Сингҳ ва Ҳомид Карзай
Манмуҳон Сингҳ ва Ҳомид Карзай
Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои боздид аз Ҳиндустон вориди Деҳлӣ шуд. Ин дуввумин боздиди карзай аз Ҳиндустон дар соли ҷорист ва он дар марҳалае анҷом мегирад, ки муносиботи миёни Афғонистону Покистон сард шудааст. Ҳиндустон рақиби дерини Покистон ба шумор меравад ва бо Афғонистон низ ҳаммарз аст. Интизор меравад, ки Карзай бо Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳинд мулоқот ва дар бораи таҳкими муносибот санадҳои ҳамкорӣ имзо кунад. Ахиран ниҳодҳои кашфи Афғонистон ва Амрико бар ин нукта ишора карданд, ки дар паси куштори Бурҳониддин Раббонӣ-раиси ҷумҳури пешини Афғонистон нируҳои кашфи Покистон қарор доранд. Ҳомид Илмӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, боздиди кунунии Карзай аз Ҳиндустон бо сардии муносиботи миёни Кобулу Исломобод иртибот надорад:

“Ин боздид аз муддатҳо қабл барномарезӣ шуда буд ва ба ин маъно нест, ки ба ташдиди муносиботи Покистону Афғонистон ё Покистону Амрико иртибот дорад. Ин пештар ба нақша гирифта шуда буд”.

Ҳиндустон нируҳои кашфи Покистонро муттаҳам мекунад, ки бо тундравҳо иртибот доранд, ононе, ки дар Ҳиндустон ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Аммо мақомоти расмии Покистон ҳамкории худ бо тундравҳоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG