Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи истифодаи ҳадафмандонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигиро имзо кард.

Аъзои Кумитаи аграрии парлумони Тоҷикистон ҳадафи фармони раисиҷумҳур дар бораи манъи хариду фурӯши қитъаи замини наздиҳавлигиро ҷилавгирӣ аз фасод дар муомилот дар хариду фурӯши замин хондаанд.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Маҳмадамин Ҳисориев, узви ҳамин кумитаи парлумон, замин моликияти давлат буда, хариду фурӯши он бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон манъ аст.

Ҷаноби Ҳисориев дар ин бора гуфт: “Коррупсия дар ҳамин соҳа зиёд шудааст. Хариду фурӯши замин, иморатҳои нотамом, ки ба хотири заминаш сурат мегирад, афзудааст ва аз ин соҳибмулкон пули зиёд ба даст меоранд. Ҳадафи судури ин фармон, ҷилавгирӣ аз ҳамин фасодкорист.”

Мастибек Қубодов, раиси Раёсати кадастра ва ба ҳисобгирии замини Оҷонси заминшиносӣ, геодезия ва нақшакашии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванд метавонад ва ҳақ дорад, ки хона ва амволи худро бо ҳуқуқи истифодаи замини назди ҳавлигияш бифрӯшад. Ӯ афзуд: "Шахс метавонад хонаи сохтааш дар замини наздиҳавлигиро фурӯшад ва ба ин тартиб бар асоси қонун вай хонаашро мефурӯшаду ҳаққи истифодаи замини наздиҳавлигияш ба харидор муталлиқ мешавад. Зеро замин чун моликияти давлатӣ хариду фурӯш намешавад ва то ба ҳол нархи замин дар Тоҷикистон муайян нашудааст, ҷуз ҳаҷми андози он."

Ба гуфтаи ҷаноби Қубодов. мавридҳои фурӯши замини наздиҳавлигӣ ками дар кам аст, вале ҳодисаи истифода аз замини ғайриқонунӣ барои сохтмони манзил зиёд ба назар марасад. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши теъдоди парвандаҳои ҷиноӣ дар додситониҳо низ бар афзун шудани ин гуна муомилоти ғайриқонунӣ далолат мекунад.

Ба эътиқоди Раҳматулло Валиев, коршиноси минтақа, ин амри раисиҷумҳур дермонда аст. Ба ин далел, ки ба гуфтаи ӯ, дар чанд соли ахир садҳо гектар заминро наздикони мақомдорон аз худ карда, баъд ба фурӯш гузоштанд ва аз он миллионҳо доллар фоида ба даст оварданд.

Валиев афзуд: "Ҳоло шояд кам нафаре бошад, ки бе маблағ ё пора соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуда бошад. Тақсими замин ройгон аст, яъне замин бояд бе пул дода шавад, вале мутаассифона, баръакс аст."

Ба бовари Раҳматулло Валиев, дар аксар маворид эҳтиёҷмандон ба замин, ки пул надоранд, соҳиби замин намешаванд. Вале афроди пулдор дубора соҳиби замин мешаванду баъд онро ба фурӯш мегузоранд. Ба гуфтаи ӯ, давлат бояд аз ин ҷилавгирӣ кунад.

Дар ин авохир ҳодисаҳои ғайриқонунии фурӯхтани заминҳои обӣ аз сӯи идораҳои ҷамоати деҳот ба чашм мерасад ва дар ин замина даҳҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Барои мисол, чанд соли пеш ҳукумати маҳаллии ноҳияи Рӯдакӣ дар маҳаллаи Қӯштеппа заминро дар ихтиёри сокинон қарор дод ва онҳо дар он ҷо хона сохтанд. Баъдан ҳукумат ин муомилотро ғайриқонунӣ хонд ва хонаҳои мардумро тахриб кард. Дар ҳоле, ки ин хонасозӣ аз рӯи қонун сурат гирифта буд.

Барои он, ки минбаъд чунин ҳодисаҳо рух надиҳанд, бар асоси фармони раисиҷумҳур идораҳои ҷамоати маҳаллӣ аз ҳаққи тақсим кардани замини наздиҳавлигӣ маҳрум карда шуданд ва ин кор ба дӯши ҳукумати маҳаллӣ бо иҷозаи ҳукумати марказӣ вогузошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ бо фармони раисиҷумҳур ҳудуди 15 ҳазор гектар замин барои ҷудо кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ихтисос дода шуда буд, ки то ба ҳол ин амр дар бисёре аз навоҳии ҷумҳурӣ иҷро нашудааст. Коршиносон далели иҷро нашудани ин фармонро дар фасодкорӣ мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG