Пайвандҳои дастрасӣ

Гази Қазоқистон ба Иттиҳодияи Аврупо меояд


Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки мехоҳад ҳафтаи оянда бо Қазоқистон-кишвари дорои захоири ғании сӯхт қарордод имзо кунад. Ин қарордод бахше аз талошҳо барои вориди лулаҳо кардани захираи зиёди гази Қазоқистон аст. Гиюнтер Оттингер-комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури энержӣ дар маҷмаи Остона-пойтахти Қазоқистон гуфт, ҳар ду ҷониб ҳафтаи оянда дар ҷараёни музокироти Остона имкон доранд, ки роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои баъдӣ дар бахши энержӣ ба тавофуқ расанд. Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, ин тавофуқот интиқоли 20 то 30 миллиард метри мукааб гази ҷоҳи Тенгизи Қазоқистон тавассути Туркманистону Гурҷистон ва Озарбойҷон ба Туркияро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG