Пайвандҳои дастрасӣ

Барндагони ҷоизаи Нобел дар бахши физик эълон шуданд


Барандагони ҷоизаи Нобел дар базши физик,
акс аз телевизион

Барандагони ҷоизаи Нобел дар базши физик, акс аз телевизион

Имрӯз се донишманд барои таҳқиқоти худ роҷеъ ба тавсеаи ҷаҳон дар бахши физик барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2011 эълон шуданд. Фарҳангистони салтанатии улуми Шветсия гуфт, ки ин ҷоизаро Соул Перлмуттер-донишманди амрикоӣ, Брайан Шмидт-шаҳрванди Амрикову Австралия ва Адам Рисси амрикоӣ бо ҳам хоҳанд дид. Бурже Йоҳансон-раиси кумитаи Нобел дар Стокҳолм гуфт:

“Ин гушоиш дар бахши суръати тавсеаи ҷаҳон маҳаки аслӣ барои шинохти афлок аст. Таърихи тавсеаи ҷаҳон ба мо имкон медиҳад, ки вориди эҳёи ҷаҳон шавем ва мумкин аст аз сарнавишти ниҳоии дунё огаҳӣ ёбем”.

Ин донишмандон ба чунин гушоиши илмӣ баъд аз назора бар инфиҷори ситораҳо дар само даст ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG