Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муовини сардори КДАМ дар Шӯрообод


Муовини раиси бахши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод ба иттиҳоми ришваситонӣ аз як сокини ин ноҳия боздошт шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти интизомии минтақа, Вафодор Қутбиддинов-корманди Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Шӯрообод ҳангоми гирифтани 600 долар ришва боздошт шудааст. Ҳоло Оҷонсии зидди фасод дар минтақаи Кӯлоб расидагӣ ба ин қазияро оғоз кардааст.

Корманди ниҳоди амниятӣ дар ҳоле боздошт шудааст, ки додситонии ноҳияи Восеъ расидагӣ ба парвандаи 6 тан аз кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳияро идома медиҳад.

Бар асоси иттилои масъулини додситонии ноҳияи Восеъ кормандони миллиса дар дуздии амволи чанд тоҷири маҳаллӣ гумонбар дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG