Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад...”


Ҷумъаи Толиб, сардабири нашрияи мустақили "Пайкон" ва раҳбари Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистӣ
Ҷумъаи Толиб, сардабири нашрияи мустақили "Пайкон" ва раҳбари Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистӣ

Сардабири ҳафтаномаи мустақили "Пайкон" -- Ҷумъаи Толиб, ҳашт моҳ боз аз маризӣ ранҷ мебарад.

Дар ин муддат ҳафтаномае, ки ӯ сардабираш буд ва Дафтари мушовара, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистие, ки ӯ сарварӣ мекард, бо даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон баста шуданд. Ин хабарнигори тоҷик ҳоло дур аз сарусадои пойтахт, дар зодгоҳаш деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ ба сар мебарад. Мо ба аёдати ӯ рафтем ва дар манзилаш бо ӯ сӯҳбат оростем. Шунида будем, ки ӯ сахт мариз аст
Ба Худо қасам, ман аз мурдан гузаштам. Мегӯянд, ки касалии онкологӣ аст, рак (саратон) аст, ки ӯро мекушад. Маро намекушад. Маро номардии дӯст мекушад...
ва ҳам бо азоб сӯҳбат мекунад.

Аммо Ҷумъаи Толиб аз мо хуш пазироӣ кард ва бо камоли майл ба суолҳои мо посух дод. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалак ва деҳаи дурдасти кӯҳистон бо чӣ андешаҳо зиндагӣ мекунад?

Ҷумъаи Толиб: “Ҳоло дар фикри он ҳастам, он чӣ ба назари дигарон бурд аст, ба бохт табдил диҳем. Бархе бар инанд, ки Бюро баста шуд ва "Пайкон" аз чоп монд, онҳо бурд карданд. Аммо ба ин меандешам, ки Худо хоҳад, ин ҳамаро ба бохти онҳову бурди мо табдил диҳем. Зеро ин раванд аз аввал то охир хилофи қонун буду ҳаст. Онҳо -- судяву вазорати адлия супоришро иҷро карданд. Маризӣ сабаб шуд, ки дар зинаҳои додгоҳӣ дуруст иштирок карда натавонам. Аммо қонун иҷозат медиҳад, ки ба тариқи назоратӣ боз ба додгоҳ муроҷиат кунем. Зеро онҳо бар асоси як мактуби қалбакие, ки аз куҷое пайдо карданд, ин ҳама корро созмон дода, Бюрову нашрияро бастанд.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:06 0:00
Линки мустақим



ЧАРО "ПАЙКОН"-РО ЧАП ГИРИФТАНД?

Хабарнигорони "Озодӣ" -- Мирзонабии Холиқзод ва Фарҳоди Милод дар аёдати Ҷумъаи Толиб. Рустои Испағни ноҳияи Айнӣ
Радиои Озодӣ: Бубинед, он чӣ, ки «Пайкон» чоп мекард, дигарон ҳам чоп мекарданд. Аммо чаро фақат «Пайкон»-ро, ба истилоҳ, чап гирифтанд?

Ҷумъаи Толиб: “Шумо агар шумораҳои «Пайкон» - ро гирифта, таҳлил кунед, мебинед, ки ягон нашрия он гуна бепарда намегуфт, ки "Пайкон" мегуфт. Дигар нашрияҳо андаке дар пеши мавод парда мекашанд. Лекин мо ҳамаро бепарда мегуфтем. Як мисол меорам. Вақте «Пайкон»-ро се моҳ бастанд, мақолаҳои омодаро ба дигарон пешниҳод кардем, аммо якашро ҳам ягон нашрия чоп накард. Вақте дигарбора ба кор шурӯъ кардем, худ ин маводро нашр намудем.”

"БА ҶОИ ТАҲҚИҚ МОРО ПУРСУҶӮ МЕКАРДАНД"

Радиои Озодӣ: Дар бораи ин ки «Пайкон» аз ҳар тараф таҳти фишор буд, зиёд мегӯянд. Аммо то куҷо маводи Шуморо мақомот ҷиддӣ мегирифтанд, ба онҳо чӣ вокуниш нишон медоданд?

Ҷумъаи Толиб: “Воқеан, аз ҳар тараф ба мо фишор меоварданд. Мо менавиштем, ки ин матлабро ба таваҷҷӯҳи додситонии кул пешниҳод мекунем, мехоҳем, ки ин маводро таҳқиқ кунад, санҷида барояд, аммо дар иваз моро даъват мекунанд! Ба таваҷҷӯҳи вазорати корҳои дохилӣ менависем, ки ин маводро бинад, аммо боз моро даъват мекарданд. Масалан, як мақола навиштем, ки «Ба капитани милиса чанд зан равост?» Моро даъват карданд, ба ҷои он, ки чора бинанд. Охир, чӣ кор мекунед? Чанд мавод дар бораи камбудии судяҳо навиштем, баръакс ҷавоб менависанд вобаста ба ҳаракати парванда. Чизи дақиқе дар бораи суолҳое, ки дар мавод буд, нест.”

"ШАРҚИ ОЗОД" ВА ҚАРЗИ "ПАЙКОН"

Радиои Озодӣ: Бубинед, Шумо аз «Шарқи озод» қарздор будед. Маблағро пардохта натавонистед, бастанд. Дигар ин ки Шумо дар чопхонаи дастгоҳи раисҷумҳур «Пайкон»-ро нашр мекардед. Ҳар чӣ бошаду набошад, ин нишон медиҳад, ки Шуморо он гуна ки тасаввур меравад, дар ҳошия қарор надода буданд…

Ҷумъаи Толиб бо ҳамроҳии яке аз шогирдонаш Аҳлиддин Салимов
Ҷумъаи Толиб: “Мо, воқеан, қарз доштем, аммо ин масъалаи ҳалшаванда буд. Аммо гап ҷои дигар аст. Ҳафтаномаи моро як шабонарӯз мехонданд. Шумо худатон журналист, агар дар як шумора чор саҳифаро дигар кунанд, куҷо қудрату асаб мемонад дар ман? Маводе, ки нисфаш чоп шуд, хонанда хонд, нисфи дигарашро манъ мекунанд, ки нашр накун, ба хонандаву муаллифи мақола чӣ мегӯед?”

Радиои Озодӣ: Оё ҳамин фишорҳо ба сиҳатии Шумо таъсир карданд?

Ҷумъаи Толиб: “Чӣ хел бетаъсир мемонад? Чӣ хел бетаъсир мемонанд, ки на бо ман ва на бо Фазлиддин (Фазлиддин Хоҷаев, собиқ муҳаррири «Пайкон») шартнома накарда, бо як одами кӯчагузар шартнома баста, гирифта, моро қарздор карданд. Асабонӣ мешудам. Барои навиштани ҳар маводи кормандони «Пайкон» хуни дил мехӯрдем. Аммо вақте рӯи саҳифа меояд, мегӯянд, ки не ин мавод намеравад.”

БОЗГАШТ БА ЗОДГОҲ

Радиои Озодӣ: Аммо, Ҷумъабой, кай ва чаро ба зодгоҳатон омадед? Хуб набуд, ки дар Душанбе бошеду мушкили роҳу табиб ҳам надошта бошед?

Ҷумъаи Толиб: “Моҳи март омадам. Фазлиддин шумораи 100-уми «Пайкон»-ро бароварду ман омадам. Дигар ин, ки дар Душанбе дар хонаи бародарам будам. Як рӯз сенздаҳ духтур омад. Гуфтанд, ки ин шахс дурӯғ худро касал гирифтааст. Ман ноилоҷ хеста ба додгоҳ рафтам. Худамро дифоъ карда наметавонистам. Ширкати ман зарур буд, ки ҳалномаашонро қабул кунанд. Ман ба додгоҳ рафтам, фақат ширкат кардам. Аммо ба ҳама ҳушдор додам, ки ин корро ҳамин тавр нахоҳам гузошт, то ба охир мерасонам.”

"ҲАМА БАРОИ ХУД КОР МЕКУНАД"

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, созмонҳои рӯзноманигорӣ ба баста шудани «Пайкон» то куҷо муқовимат карданд?

Ҷумъаи Толиб
Ҷумъаи Толиб: “Мебахшед, ин ҷо як нукта аст. Ҳама тоҷикему лек барои худ кор мекунем. Вақте "Кумитаи 29"-ро ташкил карданд, дар охир дар ҳама ҷо эълон доштанд, ки мо масъалаҳои матбуоти тоҷикро ҳал кардем. Аммо «Пайкон» чоп намешуд. Агар он бародарон ин ҷо мебуданд, дар рӯяшон мегуфтам. Мутаассифона, нестанд ва аз қафо гап задан ҷавонмардӣ нест. Ин ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки қалам ба дасти бархе касон расид. Агар Салими Аюбзод, Додоҷони Атовуллову Мирзои Салимпур ва Соҷидаи Мирзо ин ҷо мебуданд, ба ростӣ, журналистикаи тоҷик дигар мебуд. Акнун онҳое, ки худро журналист мегӯянд, савдогари сухананд, принсип надоранд. Ба мо барои як таҳқиқ 1 ҳазор сомонӣ медоданд. Бархеро чор – панҷ моҳ таҳқиқ мекардем. Як ҳамин гуна таҳқиқ доштем дар ноҳияи Рӯдакӣ. Онро ҳам дар Шӯрои васоити ахбори ом (ВАО) муҳокима карданд, ки чаро дер чоп кардем. Ҳоло он, ки дар ин таҳқиқ мо қариб 900 сомонӣ харҷ кардем. Худатон гӯед, ки агар натиҷа нашавад, ман онро чӣ тавр чоп кунам? Аммо Шӯрои ВАО аз мо интиқод кард, ки чаро саривақт матлабро нашр накардед. Ин дардро ба кӣ мегӯед? Ҳама барои худаш кор мекунад.”

"КОЛЛЕКТИВИ ХУБ"

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳам БМС ва ҳам «Пайкон» созмону нашрияи як худи Шумо буданд. Чун Шумо ҳам рафтед, онҳо ҳам баста шуданд. Назари худатон чӣ аст?

Ҷумъаи Толиб: “Вақте компютерҳову дастгоҳҳоямонро мусодира карданд, ман ба худ андешидам, ки агар набошам, нисбати кормандони «Пайкон» ягон парванда мекунанд. Ростӣ, ҷои таъриф нест, ман ба ҳамаи бачаҳо гуфта будам, ки агар ягон маводро нашр мекунеду аз мақомот мепурсанд, бигӯед, ки фалонӣ, яъне ман иҷоза додам. Онҳо аз номи ман ҳазар мекунанд. Барои ҳамин нахостам, ки бачаҳо таҳти зарба раванд. Ростӣ, як коллективе ҷамъ омада буд, ки бовар кунед, шояд дар ягон ҷои дигар пайдо нашавад. Фазлиддин дар «Нигоҳ» кор мекарду барои кормандони «Пайкон» маош медод. Ба ҷои он, ки ман ба Фазлиддин маош диҳам. Мефаҳмед? Мо ҳамин хел коллектив будем.”

"СОХТОРИ СУДӢ ЯК БОЗОР ШУДААСТ"

Радиои Озодӣ: Чаро Шумо дар нашрияатон зиёд ба парвандаҳои ҷиноӣ ва мавзӯъҳои марбут ба додгоҳу ҳифзи ҳуқуқ тамаркуз мекардед, дар ҳоле ки нашрияҳои дигар асосан ба сиёсату фарҳанг ва моҷароҳои оилаиву ҳангомаҳо сарукор доранд?

Ҷумъаи Толиб: “Мебахшед, гап дар ин аст, ки агар мақомоти қудративу додгоҳҳо дар ҷои худ бошанд, медонед зиндагӣ чӣ тавр мешавад? Ҳоло касе аз касе тарс надорад. Сохтори судӣ як бозор шудааст. Ман дар миёнашон мегардам, медонам. Адвокатҳое, ки ҳастанд, нақши худро намебозанд, балки нақши миёнаравро мебозанд. Ин дурӯғ нест. Ман даҳҳо мисол метавонам орам.”

Радиои Озодӣ: Аммо бо нашрияву газета чӣ кор метавон кард?

Ҷумъаи Толиб: “Мебахшед, бо газета метавон хеле кор кард. Масалан, як мақола навиштем, таҳти унвони «Ҳукми 12-асраву 26-сола». Се кас муроҷиат карда буд. Дар пайи матлаб ҳукмҳояшонро 11-солӣ кам карданд. Як мақолаи дигар аз Мастчоҳ доштем. Як девонаро, ки ҳуҷҷат дорад, 15 сол ҳабс карда буданд. Мо мақола навиштем - «Девона дар ҳабсхона». Баъд аз нашри он ӯро раҳо карданд.”

ҶУМЪАИ ТОЛИБ -- ШАХСИ ҶАНҶОЛӢ?

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки Шумо як шахси, ба қавле, «ҷанҷолӣ» ҳастед. То «Пайкон» ҳам чунин, ба истилоҳ «саргузаштҳо» доштед. Оё ин дуруст аст?

Ҷумъаи Толиб: “Ман як шахси ҷанҷолӣ нестам. Шояд зиндагии маро ҳамин гуна сохта буданд. Вақте дар нашрияи ноҳиявӣ кор мекардам, ҳар моҳ як ё ду матлаб менавиштам. Гап мешунидам, аммо менавиштам. Касеро гӯш намекардам, менавиштам дар нашрияи «Меҳнат», ки баъдтар ба «Субҳи кӯҳсор» табдили ном кард. Ҷанҷол мехест. Масалан, қиссаи як кӯдаки шашсоларо навишта будам, ки ӯро кушта, пора-пора карда, дар чанд қабристон гӯр карда буданд. Ман ҳамин ҷиноятро кушода будам. Ё як духтари нӯҳсоларо таҷовуз карда, ба дарё афканда буданд. Аммо тасодуфан дар як бутта дармонда буд. Ман инро таҳқиқ карда, муҷримонро ошкор карда будам. Ин гуна нест, ки ман баъд аз маҳбас ба ин корҳо даст мезадагӣ шудам. Одамони оддӣ дӯстам медоштанд, салому алейки самимӣ доштанд, аммо мансабдорон ин гуна набуданд.”

ҲАШТ МОҲ ДАР ЗИНДОН

Радиои Озодӣ: Агар соҳибмансабҳо қабул надоштанд, метавонистанд ба гунае муҷозот ҳам кунанд...

Ҷумъаи Толиб. Моҳи августи соли 2005
Ҷумъаи Толиб: “Аз нашрияи ноҳиявӣ аз кор рафтам. Нашрияи «Нури ҳақ»-ро ташкил кардам. Як сол фаъолият кардам. Дидам, ки кор аз ҳад гузаштааст ва маро ҷисман нобуд мекунанд. Бас кардам ва ба соҳибкорӣ гузаштам. Чор сол бо соҳибкорӣ машғул шудам. Аммо боз маро ба ҳукумат даъват карданд. Маҷбур карданд, ки биёям. Натиҷаи ин корам, ки аз қиссааш ҳама огаҳ ҳастед, маҳбас шуд.”

Радиои Озодӣ: Дар маҳбас чанд муддат будед?

Ҷумъаи Толиб: “8 рӯз кам, 8 моҳ.”

Радиои Озодӣ: Дуруст аст, ки ба истилоҳ, ба пешвози омадани Кондолиза Райс, котиби пешини давлатии Амрико ба Тоҷикистон Шуморо озод карданд?

Ҷумъаи Толиб: “Бале, барои омадани Кондолиза Райс ё ман ё раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бояд озод мекарданд.”

"ЗАМИН ДОРЕМ, КОР МЕКУНЕМ"

Радиои Озодӣ: Ҳоло, ки шаш моҳ боз дар деҳаед, аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред? Оё ягон кас кӯмак мекунад?

Радиои Озодӣ: “Аз ҳисоби ин ҳама, ки мебинед. қариб 1 гектар боғ дорем. Боз чор гектар замини обӣ дорем. 30 тонна картошка мегирифтам. Вақте дар ҳукумат кор мекардам, бо писарам дунафарӣ меҳнат мекардем. Замин буд. Хоҷагии деҳқонӣ доштам. Мол дорем. Шароит барои кор ҳаст.”

Радиои Озодӣ: Худатон кор карда наметавонед, кӣ кор мекунад?

Ҷумъаи Толиб: “Албатта, бачаҳоям. Дигар кӣ?”

Радиои Озодӣ: Барои табобататон, албатта, пули зиёд кор доред. Танқисӣ намекашед, ягон нафар кӯмак мекунад?

Фазлиддин Хоҷаев ва Ҷумъаи Толиб
Ҷумъаи Толиб: “Барои табобат ҳама чиро дорам. Ҷиянҳоям кӯмак мекунанд. Мушкили хосе надорам, аммо мушкил танҳо ин аст, ки бояд решаи маризиро пайдо кунем. Ду моҳ дар Душанбе дар назди як чинӣ, ҳамонҳое, ки маркази тиббӣ кушода буданд, табобат гирифтам. Гуфт, ки ман туро табобат мекунам. Аммо чӣ зиддияте шуду ӯ рафт. Дар як рӯз ба ҳисоби миёна ба 200 сомонӣ алаф мехаридам. Пас аз он ки ӯ рафт, хеста ин ҷо омадам.”

"ПАЙКОН ЧОП МЕШАВАД..."

Радиои Озодӣ: Имрӯзҳо аз куҷо иттилоъ мегиред? Нашрияву маҷаллаҳоро мехонед ё радио гӯш мекунеду телевизион мебинед?

Ҷумъаи Толиб: “Не, ягон чӣ намехонаму намебинаму гӯш намекунам. Ин пайи қадами Шумо буд, ки омада шиштам. Дар як олами дигар ба сар мебарам. Оилаам ҳамкурсам аст, ҳатто бо ӯ бо имову ишора сӯҳбат мекунам. Дар як хона танҳо ба сар мебарам. Гоҳҳо набераҳоям меоянд, наздам медароянд. Тамом. Ин ҷо ҳатто телефон намегирад. Аммо ба худ қавл додаам: ё ин дафъа мехезаму хизмати мардумро мекунам, ё телефонамро батамом кушта мепартоям. Ба Худо қасам, ман аз мурдан гузаштам. Мегӯянд, ки касалии онкологӣ аст, рак (саратон) аст, ки ӯро мекушад. Маро намекушад. Маро номардии дӯст мекушад, ки рӯбарӯ нишаста, одамро мефурӯшад.”

Радиои Озодӣ: Оё ба муштариёни «Пайкон» паёме доред?

Ҷумъаи Толиб: “Сиҳату саломат бошанд. «Пайкон» мебарояд, албатта, мебарояд!”

Радиои Озодӣ: Шумо ҳам сиҳату саломат бошед, Ҷумъабой. Худо шифоятон диҳад!

Шарҳи ҳоли Ҷумъаи Толиб, сардабири "Пайкон"

Ҷумъаи Толиб 25-уми январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1979 аст.

Солҳои 1984 то 1994 дар нашрияи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Сипас, як сол сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995 - 1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан» ва аз соли 1998 то 2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.

Дар натиҷаи нашри мақолаҳои интиқодӣ дар бораи мақомоти қудратӣ 8 моҳ зиндонӣ шуд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт. Солҳои 2007-2008 Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс»-ро ташкил кард ва аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» аст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
XS
SM
MD
LG