Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Русия, Владимир Путин гуфт, лоиҳаи таърихии иттиҳоди нави Авруосиёро оғоз мекунад.

Раисиҷумҳури ояндаи Русия мегӯяд, Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон ҳастаи як иттиҳоди нави кишварҳои Авруосиёро хоҳад шуд.

Дар матлабе дар рӯзномаи “Известия” Путин навиштааст, ки аз 1-уми январи соли 2012 татбиқи муҳимтарин тарҳи ҳамгироии кишварҳои Шӯравии пешин шурӯъ мешавад, ки дар ниҳояти амр хоҳад тавонист, ба колбади Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ҷони тоза дамад.

Путин менависад, дар таҳияи заминаҳо ва пойдевори иттиҳоди нави кишварҳо аз таҷрибаи таъсиси Иттиҳоди Аврупо ба таври густарда истифода хоҳад шуд. Вай меафзояд, барои бунёди Иттиҳоди Аврупо ба камияш 40 сол зарур шуд ва Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон амалан оғози як чунин роҳест, ки ба ташкили Иттиҳоди Авруосиё хоҳад расонд.

Муаллифи матлаб изофа мекунад, ки ҳаракат дар ин масир барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва соҳибкории ҳамаи кишварҳое, ки ба он хоҳанд пайваст, судманд хоҳад буд. Ҳамчунин “барои шаҳрвандон аз байн рафтани монеаҳои муҳоҷиратӣ, марзбонӣ ва дигар, ба мисли “квотаҳои корӣ” аз байн рафта, ин ба маъное хоҳад буд, ки онҳо метавонанд, дар куҷо зистан, таҳсил ё кор кардани худро худ интихоб мекунанд. Дар омади гап, дар СССР бо муқаррароти “прописка” ё сабти иқомати он чунин озодӣ вуҷуд надошт.”

Сарвазири Русия ба он ишора кардааст, ки дари Иттиҳоди Авруосиё барои ҳамаи кишварҳо боз хоҳад буд ва он худро ба Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ муқобил нахоҳад гузошт, балки бо ин эътилоф ҳамкорӣ хоҳад кард.

Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон дар моҳи октябри соли 2007 таъсис ёфта, бунёдгузорони он гуфтаанд, Қирғизистон ва Тоҷикистон номзадҳои узвият дар ин эътилофи наванд.

Дар шарҳи мақолаи Владимир Путин хонандагони рӯзномаи “Известия” навиштаанд, ки “ин яке аз роҳҳои эҳёи Иттиҳоди Шӯравии пешин аст ва боз ҳам харҷи онро миллати рус хоҳад пардохт.” Хонандаи дигар бо ҳимоят аз аҳдофи Путин, менависад, ин тарҳ ба эҳёи Империяи Рус мусоадат хоҳад кард.

Бархеи дигар гуфтаанд, на ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аз ин иқдом пуштибонӣ хоҳанд кард.

НАЗАРИ КОРШИНОСОН

Таҳлилгарон бар инанд, ки тарҳи эълонкардаи Путин барномаи президентии ӯ барои давраи савум аст, аммо ба бисёре аз суолҳо посух намедиҳад.

Мудири Институти таҳқиқи сиёсӣ Евгений Минченко ба торнамои РБК гуфтааст, дар ҷаҳони имрӯза танҳо бозорҳои бузург метавонанд, ба рақобат тоб оранд ва аз он ҷо ки Русия чандон бузург нест, мехоҳад, қаламрави Шӯравии пешинро муттаҳид кунад, то ки бозораш на камтар аз 200 миллиион нафар аҳолӣ дошта бошад. Аммо ин дар ҳолест, ки нахуст бояд худи Русия ба ҳамоиши комил даст ёбад.

Коршиноси Маркази конъюнктураи сиёсӣ дар Маскав, Оксана Гончаренко низ ба парокандагӣ ва ҷудоӣ дар худи Русия ишора мекунад ва мегӯяд, ин яке аз монеаҳои асосии модернизатсияи иқтисодиёти Русия аст. Вай мегӯяд, агар ҳамгироии байнулмилалӣ барои иқтисодиёт муҳим аст, чаро ҳукумати Русия барои ҳамгироии кишвари худ талоше надорад? Корманди дигари ин марказ, Павел Салин иқрор мекунанд, ки тарҳи Путин аз навоқис орӣ нест. "Сарвазир аз Украина ном набурд, зеро дар ҳоли ҳозир муборизаи шадиде бо Ғарб барои Украина идома дорад. Агар вай аз Украина ном мегирифт, ҳатман ташаббусаш ба танқидҳои шадиди Ғарб рӯабрӯ мегашт."

Дар мавриди ҳамоиш бо Қирғизистон ва Узбакистон Салин ба чанд чизи муҳим ишора кард. Аввалан, аз худи Тоҷикистон пурсида нашудааст, ки оё хоҳиш дорад, ба иттиҳоди нав шомил шавад ва сониян, Тоҷикистон имрӯз ҳарчӣ бештар бо Эрон ҳамкорӣ мекунаду Русия аз бозори он меравад ва Теҳрон дар ин бозор ҷои Русияро мегирад. Таҳлилгар афзудааст, ки ҳамоиш бо Қирғизистон барои Русия мушкилоти зиёдеро ба бор хоҳад овард. Агар Шумо ҳам дар ин мавзӯъ гуфтание доред, дар идомаи он бинависед.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG