Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин хостори ташкили Иттиҳоди Шӯравии пешин аст?


Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин-нахуствазири Русия дар мақолае дар рӯзномаи “Известия”-чопи Маскав нақшаҳои ҷоҳталабонаи худро барои дарёфти дубораи мақоми раёсати ҷумҳурӣ тавзеҳ додааст. Вай аз ҷумла хостори ташкили Иттиҳодияи АвруОсиё дар қаламрави Шӯравии пешин шудааст. Ин нақшаҳоро дар Ғарб талоше барои эҳёи Иттиҳоди Шӯравии пешин медонанд. Вале Путин ба ин ақидаи Ғарб розӣ нест ва мегӯяд, ки ҳадафи Русия ташкили як иттиҳодияи миллии қаввӣ дар байни Аврупо ва минтақаи уқёнуси Ором мебошад. Путин изҳори умед кардааст, ки қатънома дар бораи ташкили ин иттиҳодия соли 2012 ба имзо мерасад ва иҷрои тарҳҳои ҳамгероӣ соли 2013 шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG