Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти истифода аз барқ дар Тоҷикистон оғоз шудааст?


Обанбори Норак
Обанбори Норак
Ширкати “Барқи Тоҷик” ба хабаргузории “Азия-Плюс” хабар додааст, ки ин ширкат ба муассисаҳои худ дастур додааст, то дар вилоятҳо ва ноҳияҳое, ки корхонаҳои муҳими саноатӣ фаъолтят намекунанд, шабона барқро хомӯш кунанд. “Барқи Тоҷик” ин иқдомро бо захира кардани об дар обанбори Норак иртибот додааст, вале ҷорӣ кардани маҳдудияти истифода аз нируи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистонро эътироф накардааст. Бино ба хабари ин ширкат, ҳоло маҷрои об дар рӯдхонаи Вахш дар як сония 400-420 метри мукаабро ташкил медиҳад. Вале барои фаъолияти пурраи ниругоҳи Норак 600-650 метри мукааб об зарур аст. “Барқи Тоҷик” қавл додааст, ки таъмини нируи барқ дар зимистон аз таъмини барқ дар зимистони гузашта бадтар нахоҳад буд. Соли гузашта аз моҳи ноябр минтақаҳо танҳо 12 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин мешуданд.
XS
SM
MD
LG