Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: “Донистани забони тоҷикӣ эҳтиром ба миллат аст”


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳур сокинони кишварро ба Рӯзи забони тоҷикӣ, ки 5-уми октябр таҷлил мешавад, табрик гуфт.

Ин барои дуввумин бор аст, ки Тоҷикистон рӯзи забони давлатиро на дар 22-юми июл, балки дар 5-уми октябр таҷлил мекунад. Моҳи июни соли гузашта вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи забони давлатиро ба 5-уми октябр муқаррар карда буданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар оғози паёми худ гуфтааст, “таҷлили ин санаи таърихӣ бо қабули қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар рӯзи 5-уми октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.”

Оқои Раҳмон афзудааст, давлати ин кишвар дар тӯли 20 соли мустақилияти худ барои беҳбудии вазъи забони тоҷикӣ талош кардааст ва дар оянда низ барои рушди он талош мекунад: “Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне дар бист соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад.”

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, забони тоҷикӣ баландиву пастиҳои зиёди таърихро убур кардаву бидуни осебе то ба имрӯз расидааст ва бояд сокинони Тоҷикистон низ ин забонро ҳифз ва эҳтиром кунанд: “Ниёконамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд ва мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем. Мо борҳо таъкид намудаем, ки донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст.”

Аммо дар ин паёми табрикии худ раисиҷумҳури Тоҷикистон пиромуни бозгашт ба хатти форсӣ ҳарфе нагуфтааст. Дар ҳоле ки як гурӯҳ аз рӯшанфикрони тоҷик талош доранд, то сокинони Тоҷикистон ба хатти форсии арабиасос баргарданд ва ба хазинаи бузурги илму адабиёт даст ёбанд.

Гузашта аз ин, дар қонуни нави забони тоҷикӣ, ки дар соли 2009 тасвиб шуд, вожаи форсӣ дар номи забон илова нашудааст. Агарчӣ нахустин қонуни забони давлатии Тоҷикистон, ки дар соли 1989 дар замони Шӯравӣ қабул шуда буд, вожаи форсиро дошт.

Баҳсбарангезтарин нуктаи Қонуни нави забони давлатӣ, ки лоиҳааш аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ҳазфи забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо буд. Ҳазфи мақоми забони русӣ як силсила вокунишҳо дар расонаҳои Русияро ба бор оварда буд ва расонаҳои русӣ аз ин қонун интиқод карда буданд. Вале, дар ҳамин ҳол, мақоми забони русӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо дар Қонуни асосии Тоҷикистон ҳифз шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG