Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои пурсарусадои додгоҳии Аманда Нокс поён ёфт


Дар як моҷарои пурсарусадо дар ниҳоят додгоҳи Итолиё, Аманда Нокс, як шаҳрванди 24-солаи Амрико ва дӯстписари собиқи итолиёии ӯро, ки ба қатли як донишҷӯи бритониёӣ гунаҳкор дониста шудаанд, бегуноҳ донист ва аз зиндон раҳо кард. Ҳарду ҷавонро додгоҳи шаҳри Перугияи Итолиё рӯзи душанбе озод кард. Онҳоро соли 2007 бо гуноҳи қатл ва таҷовузи ҷинсӣ ба Мередит Киршер гунаҳкор дониста буданд вале ҳарду нафар худро бегуноҳ хонда ва соли 2009 аз ин ҳукм шикоят бурданд. Аз он хотир ки Аманда Нокс ва Рафаелло Солесито пайваста худро бегуноҳ мехонанд, таваҷҷӯҳи расонаҳои ҷаҳонӣ дар Амрикову Аврупо ба онҳо зиёд буд. Ҳоло як ҷавони дигар Рудӣ Гуеде бо гуноҳи қатли Мередит Киршер ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG