Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон


Давлатмурод Язгулиев, ягона хабарнигоре буд, ки вусъати воқеъии таркиш дар анбори силоҳ дар Ободонро гузориш дод ва ҳушдор ҳам гирифт.

Давлатмурод Язгулиев, ягона хабарнигоре буд, ки вусъати воқеъии таркиш дар анбори силоҳ дар Ободонро гузориш дод ва ҳушдор ҳам гирифт.

Қарор аст, имрӯз дар Ашхобод муҳокимаи додгоҳии хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ шурӯъ шавад, ки ба таҳрики хешаш ба худкушӣ муттаҳам мешавад. Давлатмурод Язгулиев, ки рӯзи 27 сентябр боздошт шуд, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ як узви хонаводаашро ба талош барои худкушӣ таҳрик кардааст. Аммо хешовандонаш мегӯянд, ин як парвандаи бофта аст ва мақомоти Туркманистон мехоҳанд, аз ин роҳ аз Давлатмурод Язгулиев барои фаъолияти хабарнигориаш ниқор бигиранд. Ин хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ ягона хабарнигоре буд, ки моҳи июл инфиҷори маргбор дар як анбори силоҳ дар шаҳри Ободони Туркманистонро гузориш дод, агарчӣ мақомот мегуфтанд, ҳодисаи бузурге рух надодааст. Ӯ барои ин кораш аз мақомоти пулис ҳушдор гирифта буд. Стив Корн, мудири Радиои Озодӣ гуфт, “мақомоти Туркманистон ба таври ошкор нороҳатии худ аз гузоришҳои бетарафонаву ошкори Язгулиев доир ба инфиҷори шаҳри Ободонро нишон доданд ва иттиҳомоти пурнайранги мақомот алайҳи Давлатмурод Язгулиев танҳо ба хотири хомӯш кардани ӯст”. Ин хабарнигори 42-сола аз соли 2007 то кунун барои Радиои Озодӣ кор мекард.
XS
SM
MD
LG