Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваққуфи вазири дифоъи Ҳинд дар Тоҷикистон


Аракапарамбил Куриен Антонӣ, вазири дифоъи Ҳинд, зимни тавақуффи кӯтоҳе дар Душанбе бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон гуфтӯгу кардааст. Бино ба гузоришҳо, ду тараф масоили ҳамкориҳои дуҷониба, авзоъи амнияти минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ кардаанд. Аракапарамбил Антонӣ, вазири дифоъи Ҳинд зимни сафар ба Маскав рӯзи душанбе барои чанд соат дар фурудгоҳи Душанбе таввақуф кардааст. Ҳинд дар Тоҷикистон фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ҳошияи шаҳри Душанберо бо масрафи бештар аз 70 миллион доллар тармим кард ва гуфта мешавад, қарор аст, аз ин фурудгоҳ дар оянда ҳамроҳ бо Тоҷикистону Русия ба ҳайси як пойгоҳи низомӣ истифода кунад.
XS
SM
MD
LG