Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муллоҳоро дар Ӯзбакистон ба пахтачинӣ фиристоданд


Мақомоти Ӯзбакистон муллоҳо, омӯзгорон, маъмурони пулисро барои пахтачинӣ сафарбар кардаанд. Даҳҳо нафар аз сокинони манотиқи пунбапарвари Ӯзбакистон ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, Шӯрои мусулмонон, як ниҳоди расмӣ ба имомхатибони масҷидҳо, омӯзгорон ва табибон амр додааст, то барои ҷамъоварии ҳосили пахта ба кишоварзон кӯмак кунанд. Аз ҷумла имомхатибони масҷидҳои вилояти Ҷиззах дар ба дар гашта ва ҷавононро тарғиб мекардаанд, ки ба пахтачинӣ бираванд. Давлати Ӯзбакистон пайваста барои истифодаи кӯдакон дар пахтачинӣ интиқод шудааст, вале бино ба гузоришҳо ҳанӯз ҳам аз ин таҷрибаи худ даст накашидааст.
XS
SM
MD
LG