Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози гурӯҳи модарони зиндониҳо дар Беларус


Полиси Минск имрӯз тахминан 20 модари зиндониҳоро, ки талош доштанд дар майдони марказии Озодии шаҳр эътироз кунанд, пароканда кард. Бахши беларусии радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки дар шиорҳои модарони зиндониҳо талаби муҷозот шудани мақомот навишта шуда буд. Шаш нафарро полис боздошт кард. Раҳбари гурӯҳи эътирозгарон Тамара Сиарҳей мегӯяд, ки ба бовари модарон писарҳои онҳо ба таври ғайриқонунӣ ба зиндон андохта шуданд ва онҳо тақозо доштанд, ки ҳукми онҳо бознигарӣ шавад. Занҳо мехоҳанд, ки даъвои онҳоро раиси додгоҳи олӣ Валянтин Сукала баррасӣ кунад, чун ҳанӯз 10 декабри порсол ваъдаи раиси дастгоҳи раёсатҷумҳуриро гирифта буданд, ки гуфта буд комиссиюни вижае барои таҳқиқи шикоятҳои ин нафарон ташкил мешавад. Вале рӯзи 5 сентябр раиси додгоҳи олӣ нахост бо онҳо сӯҳбат кунад. Сиарҳей ваъда додааст, ки то ҳал шудани талаби онҳо ҳар рӯз дар давоми як моҳ ният доранд эътироз кунанд.
XS
SM
MD
LG