Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз намояндагиҳои “Газпром” хост, ки бо муфаттишони аврупоӣ ҳамкорӣ кунанд


Нахуствазири Русия Владимир Путин гуфт, ки ҳукумат рейдҳои дар дафтарҳои аврупоии ширкати “Газпром” ташкилшударо аз наздик назорат мекунад. Иттиҳодияи Аврупо ҳафтаи гузашта тафтиши кори дафтарҳои намояндагӣ ва ҳамкорҳои ширкати русии “Газпром”-ро дар қаламрави 10 давлати аврупоӣ роҳандозӣ карда гуфтааст, ки ширкатҳои ҳамкор, таъминкунандагон, интиқоли газ ва захирагоҳҳои газро тафтиш мекунад. Комиссиюн мегӯяд, ки тафтиши аз пеш эълонношуда бо ҳадафи таҳқиқи гузоришҳо оид ба рахна шудани қонуни рақобат аз ҷониби ин ширкати русӣ роҳандозӣ мешавад. Путин, ки дар як нишаст дар Маскав ҳамроҳ бо раҳбари ширкати “Газпром” Алексей Миллер ҳузур дошт, аз намояндагиҳои ин ширкат даъват кард, ки ба таври боз бо муфаттишон ҳамкорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG