Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Березовский зидди Абрамович дар додгоҳи Лондон


Абрамович ва Березовский ба додгоҳ ҳозир мешаванд. 3 октябри соли 2011
Абрамович ва Березовский ба додгоҳ ҳозир мешаванд. 3 октябри соли 2011
Имрӯз дар додгоҳи Лондон ду сарватманди маъруфи рус муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд. Березовский, ки дар Бритониё паноҳанда шудааст, Абрамовичро барои поймолкунии созишнома айбдор карда, аз ӯ талаби пардохти 5 миллиард долларро тақозо дорад. Березовский Абрамовичро дар он муттаҳам мекунад, ки саҳмияҳои ширкати нафтии Сибнефтро бо қимати хеле ночиз ба фурӯш додааст, вале Абрамович ин иттиҳомотро рад мекунад. Интизор меравад, ки додгоҳи олигархҳои маъруфи рус на камтар аз ду моҳ давом кунад.
XS
SM
MD
LG