Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфронси омӯзиши одами барфӣ дар Русия баргузор мешавад


Мақомоти русӣ мегӯянд, ки донишмандони ҳафт кишвар ҳафтаи ҷорӣ дар як шаҳри сибирӣ барои баррасии имкони вуҷуди одами барфӣ, табиат ва одатҳои он гирди ҳам меоянд. Мақомоти шаҳри Тоштогули вилояти Кемерово дар сӯҳбат бо хабаргузории олмонии DPA гуфтанд, дар конфронс серӯза, ки аз 6 то 8 октябр идома мекунад, муҳаққиқони Русия, ИМА ва Чин иштирок хоҳанд кард. Сухангӯи раиси вилоят гуфт, ки дар ҷараёни ин ҳамоиш “кашфиёни ногаҳонӣ, аксҳои нодиру сабтҳои аудиоии ғайримунтазира” намоиш дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG