Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти Баҳодур Эгамзод дар Русия


Баҳодур Эгамзод

Баҳодур Эгамзод

Хабаргузориҳои русӣ бо такя ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав навиштанд, ки дар як сонеҳаи автомобилӣ раҳбари ҷамъияти тоҷикистониҳои Ставрополйе - Баҳодур Эгамзод даргузашт. Ин ҳодиса 2 октябр дар ҷануби Русия рух дод. Баҳодур Эгамзод – бародари журналисти маъруф Муҳаммад Эгамзод аст. Баҳодур Эгамзодро яке аз фаъолони бонуфузи ҷамъияти тоҷикон дар Русия мегӯянд. Тибқи баъзе гузоришҳо, вай бо аҳли хонаводааш 15 соли охир дар Пятигорск зиндагиву кор мекард. Қарор аст фардо дар ҳамин шаҳр маросими хоксупории ӯ баргузор шавад. Вай оиладор ва соҳиби се фарзанд буд.
XS
SM
MD
LG